То шоми рӯзи 24 май шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 2 ҳазору 929 нафар расид.

Тавре Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус хабар медиҳад, давоми як шабонарӯз дар кишвар боз 191 ҳолати нави сироят ба қайд гирифта шудааст.

Шабонарӯзи гузашта 2 нафар аз ин беморӣ фавтида, шумори фавтидагон аз COVID-19 аз оғози эълони эпидемия 46 нафарро ташкил медиҳад.

Тамоми ин муддат дар ҷумҳурӣ 1 ҳазору 301 нафар аз коронавирус шифо ёфтаанд. Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ то 24 май дар мамлакат 2772 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 565 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.