Дар расонаҳо ҳамарӯза хабарҳои рӯҳнавозе дар бораи тоҷикистониҳое нашр мешавад, ки ба сатҳи дунё расидаанд: ё барномазонони барҷастаан, ё олимони ҷавон ё ороишгарони боистеъдоду ё соҳибкори муваффақе. Инҳо насли нави ҷавонанд.  Вале пушти онҳо ҳатман касе ҳаст, ки онҳоро пуштибонӣ кардааст ва инҳо насли нахустине ҳастанд, ки  солиёни зиёде дар хориҷ аз кишвар кору зиндагӣ мекунанд.

Мо дар бораи модари Дилафрӯз, тоҷикдухтаре суҳбат мекунем, ки дар тими раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден кор мекунад. Ӯ Зарифмо Асламшоева – нахустин ровии ТВ Бадахшони Тоҷикистон аст, ки ҳоло бештар аз 20 сол мешавад, ки сардабири шуъбаи байналмилалии шабакаи телевизионии маъруфи CNN дар Атлантои Амрико аст.

Ӯ ба “Азия-Плюс”  дар мавриди рафтан аз Тоҷикистон ба ИМА дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва нахустин таҷрибаҳояш дар роҳи расидан ба муваффақият нақл кард.

"Ман ҳамшаҳрии Шотемурам, тоҷики помирӣ"

- Хонум Зарифамо, чӣ чиз шуморо маҷбур кард, ки 20 сол пеш ба ИМА муҳоҷират кунед, бо чи роҳе ба он ҷо рафтед?

- Ман бо хонаводаам солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистонро тарк кардем. Ин ториктарин сафҳаи таърихи Тоҷикистон буд. Мо ояндаеро намедидем ва ё ба қавли амрикоиҳо, "рӯшноӣ дар охири нақб" буд. Дар чунин ҳолат дидани Тоҷикистон бароям сахт буд. Тоҷикистоне, ки барои он гузаштагони мо мубориза бурда буданд, ба мисли Шотемур. Вале аз ҷониби онҳое, ки ҳатто маънои истилоҳи "давлати тоҷиконро" намедонистанд, нобуд шуданд, хеле ғамгез буд.

Бароям то ҳол дарднок аст ба хотир овардани он рӯзе, ки аз Душанбе рафтам. Онҳое, ки дар фурудгоҳ ҳуҷҷатҳо ва борхалтаҳои моро месанҷиданд ва тафтиш мекарданд, халтаҳои моро мепартофтанд. Онҳо медариданд ва ҳама либосу китобҳоямон дар рӯи замин титу пареш шуданд. Писари хурдиам, ки он вақт сесола буд, чӣ будани ҳодисаро нафаҳмид ва аз дидани китоби дӯстдоштааш дар рӯи замини фурудгоҳ хеле хурсанд шуд. Вай давида, китобашро бардошт ва ба ман нишон додани аксҳои дӯстдоштаашро оғоз кард. Ман ба ӯ нигаристам ва мехостам мисли ӯ бошам, хушбахт ва ба андозаи кофӣ бепарво.

Шахсоне, ки ҳуҷҷатҳои моро тафтиш мекарданд шаҳрвандии Тоҷикистон (Шӯравӣ) -и моро диданд. Шунидам, ки марде дар кунҷ бо ғазаб ғур-ғур мекард ва мегуфт: "помири, помири ...".


Бояд гуфт, ки Шотемур худро ҳамеша тоҷик меномид, ҳатто вақте ки дигарон миллати худро пинҳон мекарданд, то ҷойи кори беҳтаре пайдо кунанд. Ӯ ифтихор дошт, ки тоҷике аз Бадахшон аст ва ман низ ифтихор дорам. Ба онҳое, ки мегӯянд, ки помириён, бадахшониҳо тоҷик нестанд, ман ба онҳо мегӯям: Шотемур аз тоҷикони помирие буд, ки Тоҷикистонро обод карданд!

- Рӯзҳои аввал дар Иёлоти Муттаҳида мушкил буд?

- Бале, аз ҳама мушкил дур будан аз наздикон буд. Албатта, зиндагии навро дар як кишвари комилан дигар бо низоми дигар оғоз кардан, осон нест. Аммо ман шикоят карда наметавонам. Ман миннатдорам. Вақте ки одамон мегӯянд - "шумо дар мулки бегона ҳастед", ман розӣ нестам.

Амрико сарзамини муҳоҷирон аст. Ин замини ман аст ва ин ҳоло кишвари ман аст. Ман дар хонаи худам. Атланта зодгоҳи ман аст. Атланта ба ман ин қадар хушбахтӣ ато кард, фарзандони ман дар ин ҷо ба воя расиданд ва тавре ки шумо медонед, кори ман дар CNN низ дар ин ҷост.

"Ба василаи Дилафрӯз Тоҷикистонро ҷаҳониён мешиносанд"

- Дар бораи хонаводаатон, дар бораи Дилафрӯз, ки имрӯз номи ӯ вирди забонҳост  нақл мекардед.

- Ҳама бародарон ва хоҳарони ман дар Тоҷикистон монданд. Ману шавҳарам бо Дилафрӯзи 7-сола ва Самандари 3-сола ба ИМА кӯчидем.

Шавҳарам Фурқати Карамалишо муҳандис аст, ман аввалин ровии телевизиони Бадахшон ҳастам. Хеле хушбахт будам, ҳаётам, корам, ҳама чизро дӯст медоштам, аммо ҷанг сар шуд...


Зиёда аз 25 сол аст, ки мо дар Амрико зиндагӣ мекунем, бо орзуи Амрикоии худ зиндагӣ мекунем. Аз он вақт инҷониб Дилафрӯз ба воя расидааст, ки як ҷавондухтари зебое бо хислату таҳсилоти олӣ аст. Мушовири калони маъмурияти Байден-Харрис шудан осон нест. Ман аз ӯ хеле ифтихор мекунам. Ростқавлӣ, саховатмандӣ ва дили меҳрубонаш ӯро инсони махсуе кардааст. Вай Амрикоро дӯст медорад ва аз хидмат кардан ба мардуми Амрико ифтихор мекунад.

Сарфи назар аз ҳама дастовардҳояш, ӯ хоксор, соҳибэҳтиром ва дӯстдоштанӣ боқӣ мемонад. Ӯ бо забони модариаш шуғнонӣ озодона ҳарф мезанад ва мекӯшад, ки аз ҳама рӯйдодҳои Тоҷикистон бохабар бошад. Дилафрӯз ба мисли бобои бузурги худ Шириншо Шотемур худро чунин нишон медиҳад: "Ман як тоҷики помирӣ ҳастам".

Писари ман Самандар - зеботарин марди ҷаҳон - имсол 29-сола шуд. Вай барномасозест, ки таҷрибаи бой, аз ҷумла ширкати Boeingро дорад. Се фарзанди олиҷаноб ва зани зебо дорад.

- Фарзандони шумо муҳоҷиратро чӣ гуна пазируфтанд?


- Фарзандонам хеле хурд буданд ва зиёд чизҳоро сарфаҳм намерафтанд.  Ман ва шавҳарам кӯшиш кардем, ки онҳоро хушбахт кунем ва мехостем, ки кӯдакиашон бе ғаму андуҳ бигзарад. Талош мекардем, ки онҳо кӯдакии муқаррарӣ дошта бошанд.

Пеш аз рафтан аз Помир, ман ва шавҳарам ба омӯхтани забони инглисӣ шурӯъ кардем ва донишҳои худро ба фарзандонамон табодул кардем. Мо ба онҳо дар бораи "як кишвари дур" бо имкониятҳои бузург ва одамони хайрхоҳ нақл кардем. Мо намехостем, ки фарзандони мо ғамгин шаванд ва ё ҳангоми расидан ба кишвари нав "шоки фарҳангӣ" -ро аз сар гузаронанд.

Аммо вақте мо ба Амрико омадем, дар бораи Тоҷикистон нақл карданро сар кардем. Муҳаббат ба Тоҷикистон аз хурдӣ дар қалби онҳо ҷой гирифта буд. Дилафрӯз ҳамеша мегуфт, ки ба мардуми Тоҷикистон кумак хоҳад кард. Ман фикр мекунам, ки имрӯз вай ба мардуми тоҷикаш кумак кард, аввалин зани тоҷике мебошад, ки дар маъмурияти ИМА кор мекунад - тавассути Дилафрӯз ҷаҳон дар бораи Тоҷикистон маълумот хоҳад ёфт.

«Таҳсилот, кордӯстӣ ва эътимод ба худ бароям кӯмак кард»

- Чӣ гуна ровии як телевизиони минтақавӣ аз Бадахшон ба шабакаи маъруфи CNN ба кор истихдом шуд?

- Ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки ТВ Бадахшон нисбат ба шабакаҳои дигари марказӣ заифтар аст. Ҳамеша кӯшиш ба харҷ додам, то сифати барномаҳои худро ба сатҳи баландтар бардорам. Ман аввалин ровии ТВ Бадахшон будам, ки дар охири солҳои 80 таъсис ёфтааст. Ва ҷавоби ман ба саволи шумо одӣ аст- бароям таҳсилоти олӣ, меҳнатдӯстӣ ва эътимодам ба худ кӯмак кард. Ман дар муҳите тарбия ва ба воя расидаам, ки ба одамон аз зовияи болову паст наменигарм, вале ҳамзамон гуфтаанд, ки ман аз дигарон камие надорам ва фикр намекунам, ки он чизе, ки дигарон ба даст овардаанд, ман наметавонам ба даст биорам. 


Аз ин рӯ, дар Амрико баъди як соли фаъолияти ба ҳайси ризокор дар FOCUS USA, Салиби Сурх, Бонки ҷаҳонӣ ва дигар ташкилот, тасмим гирифтам, ки корномаи худро (CV) ба CNN International бисупорам. Ҳангоми ҷамъоварии маблағ барои Тоҷикистон, ман маҷбур мешудам, ки дар назди шунавандагон ва донорҳо аз Амрико баромад намоям. Ҳарчанд барои ин фаъолиятам ба ман музди корд дода намешуд, вале ба ман хеле муфид буд, ки забонии инглиси худро хубтару беҳтар намоям.

Охири соли 1996 дар CNN таҷрибаомӯзиро оғоз кардам. Ин коргоҳ бароям мисли хона буд. Албатта, он аз ТВ Бадахшон бузургтар буд, вале фазо ҳамон буд: ҷамъоварии мавод, бисёр мутолиа кардан, ба кишварҳои дигар тамос гирифтан, омода кардани наворҳо ва ғайра.

Бояд таъкид кунам, ки он лаҳза ҳамроҳи ман дигар таҷрибаомӯзон фаъолият мекарданд, ки онҳо алакай ба навиштани мақола шурӯъ карда, ба омода кардани навор барои нашр сар карда буданд. Аммо ман танҳо орзу мекардам, ки забони англисиро аз худ намуда, бо он озодона ҳарф бизанам ва дар компютер кор карданро ёд гирам. 

Ба фарқ аз BBC шабакаи CNN бахшҳо ба забонҳои дигар надорад. Барои ҳамин ба ман лозим буд, ки инглисии олӣ дошта бошам, то кори доимӣ дошта бошам. Ин тақрибан ду сол тӯл кашид ва ахиран дар CNN ба ҳайси муҳаррири хабарҳои хориҷӣ ба фаъолият шуруъ кардам. Соли гузашта бошад, ман ба ҳайси продюсери калони CNN интихоб гардидам, ки масъулияти фарогирии пахшҳои мустақими байналмилалӣ ва хабарнигорон аз ҷойи ҳодиса ба души ман гузошта шудаанд. Агар шумо ягон мухбирони байналмилаии CNN-ро дар ягон нуқтаи дунё бинед, онҳо ҳамкасбони банда ҳастанд. Ва агар шумо бубинед, ки онҳо дар нашри зинда  хабар мерасонанд, ин маънои онро дорад, ки бо ман кор мекунанд. Аз ҳамаи онҳо хеле ифтихор дорам. Ҳар яке аз онҳо бароям достоне ҳастанд!


- Лутфан бигӯед, ки зиндагӣ дар ИМА аз ҳаёти Тоҷикистон ё Русия фарқ мекунад?

Аз замоне, ки ман ба Амрико омадам, дар дунё чӣ қадар тағйирот шуд. Дунё тангтар ва тангтар мешавад. Коронавирус инро бори дигар нишон дод.

Мо вазифадорем, ки бо ҳам кор кунем, дунёро ҳифз кунем ва ба якдигар бар асоси эҳтирому арзишмадорӣ муносибат кунем. Дар ғайри сурат дунё дар назари мо аз ҳам мепошад. Ба гармшавии иқлим бингаред –  рӯйи ҳамаи мо таъсир мегузорад

Бале, Амрико аз Русия ва Тоҷикистон фарқ мекунад. Амрико аз боқии дунё тафовут дорад. Дигар аст. Ба ман дар ин ҷо аз ҳама бештар, ин озода ва каромати инсонӣ аст.  Ба ман ҳеч вақт касе намегӯяд: “ту ин кор ва он корро наметавонӣ бикунӣ, зеро ту зан ҳастӣ ва барои он ки тоҷик ҳастӣ”. Ман ҳар кореро, ки мехоҳам, метавонам бикунам.

Амрикоиҳо кордӯсторин мардуме ҳастанд, ки ман дидаам. Рақобат дар бозори кор хеле баланд аст. Шумо дар ширкате кор карда наметавонед, ки агар он ҷо аз таҳти дил заҳмат накашед.


Ва ҳеч кас ин ҷо “шуморо ба кор намегирад”. Ин ҷо корҳое аз қабили “тағо” ва “васила” нест. Шумо бояд корноматонро (CV) бифристед, баъад ба суҳбат даъват мешавед, ки худро бояд нишон диҳед. Бояд нишон диҳед, ки шумо мутахассиси доное ҳастед.

Ҳукумати нави Амрико умедвориҳои зиёде медиҳад. Ман фикр мекунам, ки мо аллакай тағйиротро дида истодаем ва дунё ҳам ба наздикӣ шоҳиди тағйирот дар Амрико хоҳад шуд.

Аммо дар Амрико то ҳанӯз кӯдаконе ҳастанд, ки бояд гурусна хоб бираванд. Дар Амрико то кунун минтақаҳои фақир вуҷуд доранд.  Амрикоиҳои сиёҳ ва ё амрикоиҳои бумӣ то кунун фақиранд.  Дили ман барои онҳо месӯзад.  Ман умедворам, ки замоне битавонам саҳми худро дар беҳтар кардани кайфияти зиндагии амрикоиҳои сиёҳ ва бумӣ бигузорам.

Чизи дигаре, ки маро ҳеч ором намегузорад духтарҳои ҷавоне ҳастанд, ки барои кор ин ҷо меоянд. Дар Ню-Йорк, Лос Анҷелос ва иёлатҳои дигар ин гуна духтарҳо бисёранд.  Бархе аз онҳо дарҳол пас аз хатми мактаб меоянд. Онҳо хеле ҷавонанд.

Ман модарам ва вақте ин гуна духтарони зебои нозукро мебинам, дар баданам мурғак медамад, ки аз ин қадар фосилаву дурӣ омадаанд то хонаводаашонро таъмин кунанд. Вале ман мехоҳам шумо бидонед, ки аз онҳо ифтихор дорам.

Ман медонам, ки мардум дар Тоҷикистон дар бораи зиндагии онҳо “афсонаҳо”-и зиёде мешунаванд, вале иҷоза диҳед бигӯям: онҳо қаҳрамонҳои воқеӣ ҳастанд. Онҳо қаҳрамонони мананд. Ҳар вақте ки ман яке аз онҳоро мебинам, инро барояшон мегӯям. Онҳо падару модари худро ёрӣ мекунанд, барои хонаводаи худ дар ватан хона бунёд мекунанду тиҷорат ба роҳ мемонанд. Онҳо хоҳару бародарони кӯчаки худро ноз медиҳанд.


Барои ин ҳамаро анҷом додану хонаводаи худро таъмин кардан, онҳо шеваи зиндагии бисёр хоксоронае доранд,  аз чизҳое даст мекашанд, ки барояшон зарур аст ва ё мехоҳанд.

Агар замоне ман тасмим гирифтам, ки дар Тоҷикистон ҳайкале бигузорам, ҳайкали ҳамин занҳои ҷавон хоҳад буд. Ин тандиси бисёр баланд, ҳайкали зани бисёр зебо, ҷавон ва боғуруре хоҳад буд, ки бо виқору ғурур ба тамошогарон нигоҳ мекунад ва гӯё мегӯяд: “Шумо саҳми маро мебинед? Инро ман ва духтарони ҷавони дигари шаҳри ман кардем...”