Бар асари садамаи нақлиётии ду мошини боркаш дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, ҳарду ронанда ба ҳалокат расида, як мусофири дигар ҷароҳат бардоштааст.

Дар ин бора дафтари матбуотии ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Ронандаи автомашинаи боркаши сокини шаҳри Бохтар, Абдуғанӣ Абдураҳимови 36-сола, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши сокин шаҳри Панҷакент Ёқубҷони Абдумаҷиди 25-сола бархӯрдааст", - иттилоъ медиҳад манбаъ.

Дар натиҷа ҳарду ронанда ба ҳалокат расида, мусофири мошини дуюм Алишер Қурбонови 28-сола бо ҷароҳат дар беморхона бистарӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.