Танҳо дар се соли охир Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар чаҳорчӯби сафарҳои худ ба шаҳру навоҳии кишвар беш аз 20 пояи парчам ифтитоҳ кард.

Сохтмони баландтарин пояи парчам дар Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 2010 оғоз шуда, аз ин ба баъд дар кишвар ин рӯз ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон таҷлил мешавад.

Баъдан, Тоҷикистон бо гузоштани пояи парчами 165-метра дар китоби рекордҳои Гиннес шомил шуд ва рекорди Озарбойҷонро - баландии сутуни парчами онҳо 162 метр, шикаст. Вале пас аз 4 сол ин рекорд низ шикаст: соли 2014 дар Арабистони Саудӣ пояи парчам бо баландии 170 метр гузошта шуд.

Пас аз ин дар манотиқи Тоҷикистон авҷи бунёди пояҳои парчам оғоз шуд. Онҳо аллакай қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҳатто дар дурдасттарин деҳот мавҷуд аст.

Имрӯз, 24-уми ноябр, дар Рӯзи Парчами давлатӣ мо дар суратгузориши худ тамоми парчамҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистонро гирд овардаем.

1/50

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.