Кормандонии Агентии “Тоҷикстандарт” давоми шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 708 тонна маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоиро бинобар ба талабот ҷавобгӯ набудани тамғагузорӣ ва барои бехатарии истеъмолгарон мусодира кардаанд. Дар ин бора Темурҷон Абдулваҳобзода, директори Агентии “Тоҷикстандарт” имрӯз, 29-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, миёни маҳсулоти хӯроквории мусодирашуда беш аз 49 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 155 тонна равғани растанӣ, қариб 4 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 13 тонна маҳсулоти ширӣ, 6 тонна тухми мурғ, 20 тонна намак, 87 тонна маҳсулоти ғалладонагӣ, 119 тонна орд, 20 ҳазору 209 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 9 ҳазору 240 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 9 тонна консерваҳо ва дигар маҳсулот мебошанд.
Таъкид гардид, ки қисми асосии ин маҳсулот аз дигар кишварҳо ба Тоҷикистон ворид шуда, нисбати воридкунандагони маҳсулоти пастсифат ба кишвар чораҳо маъмурӣ андешида шудааст.
Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони Агентӣ барои фурӯши маҳсулоти пастсифат ва вайроншуда, поймол кардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар 3 ҳазору 895 ҳолат ба маблағи 1 миллиону 135 ҳазору 338 сомонӣ ҷарима таъин шуда, ба буҷети давлат пардохт гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, Темурҷон Абдулваҳобзода аз фаъолияти корхонаҳои кишвар таъриф кард. Ӯ гуфт, дар Тоҷикистон корхонаҳое, ки маҳсулоти пастсифат истеҳсол мекунанд, вуҷуд надорад.
“Мо аз аввали сол қариб 30 корхонаро аз назар гузаронидем, корхонаҳое, ки нав боз шудаанд ва ба истеҳсоли маҳсулоти хӯрока, махсусан маҳсулоти гӯштӣ машғуланд. Ҷойи таърифаш нест ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯ ҳастанд. Дар ҳақиқат ба таҳсин гуфтан меарзанд”, ‑ гуфт Темурҷон Абдулваҳобзода.