Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия шахсияти яке аз ташкилкунандагони ҳамлаи террористӣ дар Анқараро эълон карда, тасдиқ намуданд, ки ӯ узви Ҳизби Коргарони Курдистон мебошад (дар Туркия ҳамчун ташкилоти террористӣ шинохта мешавад). Дар ин бора вазири корҳои дохилии Туркия Алӣ Ерликая иттилоъ дод, менависад Би-Би-Си.

Ба иттилои манбаъ, номи гумонбар ба ҳамлаи террористӣ Алӣ Орек, тахаллусаш Ройгер аст ва узви Ҳизби Коргарони Курдистон мебошад.

Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ инчунин шахсияти як зани дигарро, ки дар ин ҳамлаи террористӣ иштирок дошт, муайян карданд. Ӯ низ узви Ҳизби Коргарони Курдистон будааст.

Анкара Ҳизби Коргарони Курдистонро масъули ҳамла ба қароргоҳи ширкати аэрокосмикии TAI дар наздикии Анқара медонад, ки дар он дастикам панҷ нафар кушта шуданд.

Туркия эълом кард, ки артиши кишвараш ба объекти воқеъ дар Сурия ва Ироқ, ки бо Ҳизби Коргарони Курдистон иртибот дорад, зарбаҳои мушакӣ задааст.

Тибқи изҳороти фармондеҳии низомии Туркия, дар натиҷаи зарбаҳо ба иншооти Ҳизби Коргарони Курдистон 59 нафар, ки дар Анқара онҳоро террорист меноманд, кушта шудаанд.

Ба навиштаи нирӯҳои курдии Сурия, бар асари зарбаҳои ҳавоии Туркия дар шимол ва шарқи ин кишвар дастикам 12 нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расиданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 23-юми октябр дар бинои истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳои низомӣ ва таҷҳизоти кайҳонии TUSAŞ як амали террористӣ рух дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.