Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Қӯрғонтеппа нахустин Маркази хизматрасонии Бонки байналмилии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Бинои марказ дар кӯчаи Мирзоқодиров, макони хеле серодами шаҳр воқеъ буда, бинои нави дуошёнаи марказ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва шароити мусоди кор барои хизматрасонии мизоҷон таъмин аст.


Дар маросими ифтитоҳи марказ раҳбарияти бонк, кормандони ҳукумат, намояндагони дафтари кории минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон ва роҳбарони дигар ташкилотҳои қарзӣ, ҳамчунин соҳибкорони маҳаллӣ ва рӯзноманигорон иштирок доштанд.


Раиси Бонки байналмилии Тоҷикистон Искандар Раҷабов ҳозиринро шодбош гуфта, қайд кард, ки дар маркази нав мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор машғул шуда, раҳбарияти он ба дӯши Хуршед Абдуллоев, мутахассиси ҷавон ва дорои таҷрибаи хуби кор дар бахши бонкӣ вогузор шудааст.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва мавзеи гирду атрофи он наздики 150 ҳазор нафар кору иқомат дошта, ифтитоҳи маркази мазкур натанҳо барои Бонки байналмилалии Тоҷикистон, балки барои сокинон низ аҳамияти бузург дорад.


Дар маркази нав мизоҷон аз хизматгузориҳои зерин истифода бурда метавонанд: интиқоли маблағҳои пулӣ, мубодилаи асъор, пешниҳоди қарз, хизматгузорӣ ба амонатҳо, амалиётҳо бо кортҳои пластикӣ ва дигар хизматгузориҳо.