Қабули пули интиқолшуда акнун дар ҳама гуна вақти шабонарӯз бидуни тарки хона имконпазир аст. Барои ин дастрасӣ ба корти нави Бонки Эсхата кофист.

Дар ин робита бешубҳа саволҳо ба миён меоянд:

- Оё мумкин аст, ки интиқоли пулиро ба бонк наомада қабул кард? - Ҳа!

- Ва дар вақти дилхоҳ гирифтан чи?  – Албатта!

- Дар бораи қабули интиқол бо бонусҳои иловагии пулӣ мо ҳатто фикр намекунем?!-

Корти нав аз Бонки Эсхата «Корти ягонаи интиқолӣ» - ҳалли олиҷаноб!

Хуршед Урунов аз аввалин мизоҷе, ки барои қабули интиқоли пулиаш корти махсусро аз филиали Бонки Эсхата дар ш.Хуҷанд, воқеъ дар суроғаи хиёбони И.Сомонӣ 40 харидорӣ кард.

Вай мегуяд, ки корт афзалиятҳои зиёд дорад, ки яке аз он мустақилона гузаронидани амалиётҳои интиқолӣ маҳсуб меёбад.

-Ин кор бисёр қулай аст, зеро ман метавонам, аз ҷои қарордоштаам, бидуни омадан ба бонк соҳиби интиқоли пулӣ гардам,-мегӯяд Хуршед Урунов.

Хабари хуш? Мо ҳам чунин фикр дорем! Акнун мизоҷони Бонки Эсхата метавонанд корти мазкурро барои гирифтани маблағҳои интиқолии худ дастрас намояд.

Акнун Шумо аз навбатҳои калони нуқтаҳои интиқоли пулӣ озод мегардед.

Бояд қайд намоем, ки корти ягонаи интиқоли пулӣ якчанд афзалиятҳо дорад:

•    Корт ба мизоҷ дарҳол ҳангоми муроҷиат ба бонк пешниҳод карда мешавад;

•    Интиқолро ба бонк наомада гирифтан мумкин аст;

•    Бидуни ягон намуди комиссия мебошад;

•    Имконияти ҷамъкунии воситаҳо бо 3% солона ба бақияи корт;

•    Ва бар замми ин 0,05% аз маблағи интиқол ба мизоҷ ҳамчун бонус ҳисоб карда мешавад;

•    Арзиши корт – танҳо 20 сомонӣ аст!

Чи гуна интиқоли пулиро ба корти ягона бояд қабул кард? Ба ин савол корманди бонк Сайдулло Насуллоев ҷавоб медиҳад.

 «Бо тугмачаи  «Получить перевод», ки дар саҳифаи асосии сомонаи www.eskhata.tj  мавҷуд аст, мизоҷ бе мамоният интиқоли пулиро ба “Корти ягонаи интиқолӣ” қабул карда метавонад.

Баъдан пули нақдро аз ҳар банкомат ва POS- терминалҳои Бонки Эсхата дар вақти барои худ дилхоҳ гирифтан мумкин аст.  

Боиси қайд аст, ки корти мазкур ҳамчунин ба Аксияи “Иқдоми нав” пайваст аст.  Бо корти мазкур дар марказҳои савдо ва нуқтаҳои таъминоти сӯзишворӣ харид карда, эҳтимолияти бурди тӯҳфаҳои пулӣ ва маводи сузишвориро пайдо мекунед.

Барои робита бо Бонки Эсхата ва бо саволҳои истифодаи корти мазкур рақами махсуси телефонӣ - 44 600 69 96 амал карда истодааст, ки зангҳои телефонии мизоҷонро қабул мекунад.  

Мо итминон дорем, ки ин хизматрасонӣ ба мизоҷон писанд меояд, зеро бо осонӣ муаммои онҳо ба мисоли навбатҳои калон, рӯзҳои истироҳат, бехатарӣ аз дуздиву гум крадани маблағ ҳалли худро меёбад.  Гузшта аз он мизоҷон соҳиби бонусҳои пулӣ мегарданд., оё ин зӯр нест?

Ба Марказҳои хизматрасонӣ ва филиалҳои  Бонки Эсхата барои дастрас кардани “Корти Ягонаи Интиқолӣ” муроҷиат намоед. Маълумоти муфассал бо телефони: 44 600 -0-600 ва 44 600 69 96

Қабули интиқол бидуни омадан ба бонк ва соҳиби бонуси пулӣ шудан-бо “Корти ягонаи интиқолӣ” амалишаванда аст!