Миёни ширкатҳои «Барқи тоҷик» ва «Nishizawa»-и Япония ба маблағи 1.976 млрд. йенаи японӣ (наздики 17,5 млн. доллар) қарордод ба имзо расид.

Ин қарордод дар доираи лоиҳаи грантии «Беҳтар кардани вазъи зеристгоҳҳо дар шаҳри Душанбе», ки аз ҷониби Агенти ҳамкории байнулмилалии Япония (JICA) маблағгузорӣ мешавад, мавриди амал қарор мегирад.

Роҳбари намояндагии JICA дар Тоҷикистон Хидеки Танабе гуфтааст, мувофиқи шартҳои қарордод, ширкати «Nishizawa» ба сохтмони зеристгоҳи нав дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - «Радиостанция» (назди Амфитеатр) уҳдадор мешавад.

Ғайр аз ин, ширкат корҳои навсозӣ ва афзоиши иқтидори зеристгоҳи «Промышленная»-ро дар ноҳияи Сино (бозори «Фаровон») низ ба сомон мерасонад.

Қобили зикр аст, ки таҷҳизоти асосии барқӣ барои амалисозии ин лоиҳа дар ширкати маъруфи Япония - «TOSHIBA» истеҳсол хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, амалисозии лоиҳаи мазкур ба беҳбуди вазъи таъмини аҳолӣ, бахши саноат ва иншооти иҷтимоии шаҳри Душане бо барқ, ҳамчунин камшавии ҳолатҳои қатъи интиқоли барқ бинобар сабаби аз ҳад зиёд сербории трансформаторҳо мусоидат мекунад.

JICA ҳамкориҳои техникии худро бо Тоҷикистон аз соли 1993 бо даъват намудани хизматчиёни давлати бо максади донишомӯзӣ дар Ҷопон ва аз худ намудани таҷрибаи Ҷопон оид ба рушди идоракунии давлат ва рушди соҳаи макроиқтисодӣ оғоз намуд. Ба охири соли 2018 шумораи умумии иштирокчиёни Барномаи курсҳои омӯзишӣ, ки расман ҳамчун курсҳои омӯзиши JICA эътироф гардидааст, зиёда аз 2000 нафарро ташкил дод.

Дафтари Намояндагии Ҷопон дар Точикистон соли 2006 ба фаъолияти худ шурӯъ карда, инҷониб лоиҳаҳои гуногуни бебозгашт ва техникӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳаёти мардуми Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла таъмини оби нӯшокии бехатар, ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ тавассути рушди хоҷагии қишлоқ, беҳтар намудани инфрасохтори роҳ, авиатсия ва энергетика, барнома оид ба идоракунии сарҳад ва барнома оид ба рушди иқтидор амалӣ гаштаанд.

Айни замон сандуқи лоиҳаҳои JICA дар Тоҷикистон аз 33 лоиҳа ба маблағи умумии зиёда аз 341 млн. доллар (82 млн. доллар - кумаки техникӣ ва 259 млн. доллар - кумаки грантӣ) иборат аст, ки 12 лоиҳааш мавриди амал қарор доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.