Дар доираи барномаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки маблағгузораш Вазорати Рушди Байналмилалии Британияи Кабир мебошад,  санаи 15 март дар меҳмонхонаи «Шератон» бо иштироки сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва академӣ дар мавзӯи “Таҳлил дар соҳаи молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” конфронс баргузор мегардад.

Шарикони асосии барномаи мазкур Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Рушди Байналмилалии Британияи Кабир мебошанд.

Мақсади баргузории конфронс - муҳокимаи масъалаҳои шаффофият дар соҳаи истифодаи молияи давлатӣ ва нақши таҳлилгарон дар соҳаи мазкур мебошад.

Дар ҷараёни конфронс тадқиқотҳое, ки аз тарафи таҳлилгарони ҷавони соҳаи молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ гузаронида шудаанд, аз қабили: арзёбии самаранокии хароҷоти буҷет дар хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ; таҷрибаи нави таъину пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва мушкилот; таҳлил ва арзёбии самаранокии хароҷоти  таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе; маблағгузории давлатӣ ба комплекси сӯзишворию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон; зарурати воридсозии маблағгузории ба натиҷанигаронидашуда барои баланд бардоштани самаранокии ҳимояи иҷтимоии шахсони имконияташон маҳдуд ва дигар мақолаҳо баррасӣ мешаванд. 

Ҳамзамон дар доираи конфронс ба иштирокчиён таҷрибаи гузарондани муҳокимаи ҷамъиятии буҷет дар водии Рашт,   натиҷаҳои пешакии таҳқиқоти “Арзёбии эҳтиёҷот, манфиатҳо ва мушкилоти ҷомеа дар дарёфти маълумот оид ба молия ва буҷет” ва нақшаи фаъолиятҳо барои беҳтар намудани шаффофияти буҷет дар минтақаҳо дастрас карда мешавад.

Инчунин дар кори конфоронс таҳлилгарон аз кишварҳои Латвия, Украина, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок менамоянд, ки масъалаҳои рушди таҳлилгарӣ дар самтҳои молия ва иқтисод дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ДММ мавриди баҳс қарор мегирад.      

Институти “Ҷамъияти Кушода” - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бахши шабакаи байналмилалии Бунёдҳо ва ҳамзамон аз ҷумлаи яке аз Бунёдҳои миллии сершуморест, ки ба шабакаи Институтҳои “Ҷамъияти Кушода” шомил мешаванд. Рисолати стратегии Бунёд мусоидат ба рушди равандҳои демократӣ ва инкишофи ҷомеаи демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.