Дар вилояти Суғд дар мавзӯи “Мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон” бо иштироки вазири кишоварзии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ семинар-машварати вилоятӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зикр гардид, ки ҷиҳати пешгирии паҳншавии малах ва ташкили чораҳои муҳофизатӣ бар зидди зараррасону касалиҳои зироати кишоварзӣ ва боғу токзор дар шаҳру ноҳияҳо ситодҳо оид ба мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашаротҳои зараррасон ташкил гардидааст.

Гуфта мешавад, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳор намуд, ки соли равон аз буҷети вилоятӣ барои пешгириву нобудсозии ҳашароти зараррасони малах 150 ҳазор сомонӣ ва  барои ташкили мубориза бар зидди касалию ҳашароти зараррасони помидор низ 150 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудаааст.

Вазири кишоварзии мамлакат Изатулло Сатторӣ барои ташкили чунин семинар, ки дар самти пешгирии ҳашароти зараррасон ва ҷоннок намудани фаъолияти ситодҳои шаҳриву ноҳиявӣ таъсири мусбӣ мерасонад, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят миннатдорӣ баён намуд. Изатулло Сатторӣ аз имкониятҳои фарохи соҳаи кишоварзӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки кишоварзон бояд заминро самаранок истифода бурда, ҳангоми кишти зироатҳо ба тухмии он аҳмияти хоса зоҳир намоянд.

Дар фарҷом раиси вилоят, вазири кишоварзӣ ва гуруҳи калони иштирокчиёни семинар бо имкониятҳои Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилояти Суғд аз наздик шинос шуданд.

Дар рафти чорабинӣ мутахассисони филиали муассисаи мазкур тарзи омодасозии заҳрдоруҳо, истифодаи таҷҳизоту техникаи дорупоширо нишон дода, ҷиҳати пешгирии паҳншавии малах ва муайян намудани макони он тавсияҳои  муфид ироа намуданд.