Дар “Узэскпомарказ”-и шаҳри Тошканд рӯзҳои 5-7 сентябр ягона дар Осиёи Марказӣ бузургтарин дар ИДМ намоишгоҳи таҷҳизот ва технология барои саноати бофандагӣ ва дӯзандагӣ – CAITME, ҳамчунин Намоишгоҳи байнулмилалии индустрияи бофандагӣ ва мӯд - UzTextile Expo доир мегардад.

Ташкилкунандаи наоишгоҳҳо ширкати байнулмилалии ташкили намоишгоҳҳои Iteca Exhibitions аст. Чорабинӣ бо дастгирии Ассотсиатсияи «Узтекстилпром» баргузор мешавад.

Барои бароҳат боздид намудан аз намоишгоҳ қаблан бо суроғаи зерин ба қайд гузоштан зарур аст: http://bit.ly/on_reghttp://bit.ly/on_reg, хабар медиҳад Iteca Exhibitions.

Имсол дар ин намоишгоҳҳо 475 ширкату тамағаҳои молӣ аз 25 кишвари дунё маҳсулоти худро ба маърази тамошо мегузоранд. Дар намоишгоҳ гӯшаҳои Олмон, Испания ва Туркия, ширкатҳои Италия,Ҳиндустон, Чин ва дигар кишварҳо амал хоҳанд кард.

Акс аз Iteca Exhibitions

Дар намоишгоҳи «CAITME 2018» таҷҳизот ва технология барои ҳамаи марҳилаҳои истеҳсоли маҳсулоти санатӣ бофандагӣ ва дӯзандагӣ пешкаш мегардад.

Дар доираи барномаи корӣ баргузории вохӯриҳо дар шакли B2B, B2G, намоиши мӯд ва маҷмӯаи маҳсулоти саноатӣ дар назар аст.

Бо рӯйдодҳои индустрияи намоишгоҳ метавон дар Фейсбук бо суроғаи https://www.facebook.com/itecaExhibitions маълумоти бештар дарёфт намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.