Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумита Фаррух Ҳамрализода бо сафири Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) дар Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Остона  доктор Муҳаммад Аҳмад ал-Ҷобир ва ҳайати ҳамроҳи он доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои марбут ба дурнамои рушди ҳамкорӣ бо АМА дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ, тиҷорат, илму маориф, фарҳанг, саноат, энергетика, алоқаи ҳавоӣ, кишоварзӣ ва тақвият бахшидани заминаи шартномавӣ ҳуқуқии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар рафти мулоқот аз ҷониби раиси Кумита ба ҷониби АМА пешниҳодҳо ҷиҳати ба роҳ мондани боркашонии ҳавоиӣ (КАРГО) байни кишварҳо, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла азхудкунии канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон ва сохтмони инфрасохтори сайёҳӣ, кушодани намояндагии бонкҳои тиҷоратии ин кишвар дар Тоҷикистон, бунёди инфрасохтори зарурӣ оид ба нигоҳдорӣ, коркард ва интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ, оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ба АМА манзур гардид.

Аз ҷониби Муҳаммад Аҳмад ал-Ҷобир пешниҳодҳо дар мавриди ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ширкатҳои АМА, аз ҷумла ширкати Заҳир дар самти коркарди меваю сабзавот ва интиқоли минбаъдаи он ба АМА, ширкати Масдар дар самти нерӯи барқароршавандаи энергия ва ширкати Футейм дар самти сохтмон ва истифодабарии марказҳои тиҷоратӣ манзур гардид.

Ҷонибҳо инчунин баҳри татбиқи амалии мувофиқаҳое, ки зимни баргузории ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ  ҳосил гардиданд, таъкид намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба ҳайати Амороти Муттаҳидаи Араб бастаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва қонунгузорӣ оид ба сармоягузорӣ барои баррасӣ ва омӯзиш манзур гардид.