Ширкати Qatari Diar-и Қатар, ки шаҳраки “Диёри Душанбе”-ро месозад, ба иштирок дар дигар лоиҳаҳоси сармоягузорӣ дар Тоҷикистон тавааҷуҳ дорад.

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон чанде қабл вохӯрии муовини якуми Раиси Кумита Муминзод Абдулмаҷид бо раиси кулли ширкати қатарии “Qatari Diar” Абдуллоҳ ал-Аттия ва ҳайати ҳамроҳи он баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, зимни вохурӣ масоили вобаста ба татбиқи минбаъдаи марҳилаҳои дигари лоиҳаи “Диёри Душанбе”, ки бо сармоягузории ширкати қатарии “Qatari Diar” амалӣ гардида истодааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Муминзод Абдулмаҷид ба ҳайат доир ба фазои сармоягузории ҷумҳурӣ иттилоъ дода, ҳамзамон аз ҳайати қатарӣ барои иштирок дар дигар лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон даъват ба амал овард.

Гуфта мешавад, дар навбати худ Абдуллоҳ ал-Аттия омодагии ширкатро ҷиҳати татбиқи пурраи лоиҳаи болозикр иброз намуда, инчунин ҷиҳати иштирок дар дигар лоиҳаҳои сармоягузорӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Зикр мегардад, ки лоиҳаи “Диёри Душанбе” тибқи Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳавасмандкунӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, ки 25 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, амалӣ шуда истодааст.

Ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими барои татбиқи лоиҳа пешбинишаванда 300 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Лоиҳа моҳи октябри соли 2012 оғоз гардида, анҷоми татбиқи он дар моҳи  сентябри соли 2023 пешбинӣ шудааст.

"Диёри Душанбе"
Акс аз SkyscraperCity

Мутобиқи лоиҳа дар масоҳати умумии 68 000 метри мураббаъ кӯчаи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе аз тарафи ҶДММ “Қатари Диар Реал Истейт Инвестмент Компани Тоҷикистон” 11 бино аз ҷумла: 5  бинои истиқоматӣ иборат аз 400 утоқ бо марказҳои савдо ва истгоҳи зеризаминӣ, 1 бинои меҳмонхонаи 5 ситора иборат аз 65 утоқ, 1 бинои аппартмент барои хизматрасонӣ иборат аз 100 утоқ, 3 бинои офис ва марказҳои савдо бо истгоҳи зеризаминӣ ва 1 бинои кудакистон ба истифода дода мешавад.

Давраи аввали лоиҳа, ки сохтмони 1 бинои истиқоматӣ ва 1 бинои маъмуриро дар бар мегирифт бо сармоягузории  65 млн. долл. ИМА ба итмом расидааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.