Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 30 январ Созишномаи кафолатноки моҳи сентябри соли гузашта баимзорасидаро байни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) аз рӯи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Бохтар” якдилона тасдиқ намуд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода изҳор намуд, ки барои амалисозии лоиҳа БАТР 10,8 млн. доллар ҷудо мекунад, ки 3,2 млн. доллараш грант ва маблағи боқимонда қарзи дарозмуҳлат мебошад.

Ғайр аз ин, дар доираи амалисозии лоиҳа БАТР ба сифати кумаки техникӣ 1,6 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад.

Агнҷоми татбиқи лоиҳа охири соли 2021 дар назар буда, дар доираи он харидории 40 автобуси муосир, таъмиру навсозии тамоми истгоҳҳои нақлиёти ҷамъятӣ дар шаҳри Бохтар ва роҳандозии низоми фурӯши билетҳо ба мусофирон пешбинӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа дар маркази маъмурии вилояти Хатлон терминали нави муосири мусофиркашонӣ сохта мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бошед.