Барои амалисозии пурсамари нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии татбиқи сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои имконпазир ба иқтисоди миллӣ ҷалби тақрибан 400 млн. доллар аз ҷониби шарикони рушд зарур аст.

Зимни кори мизи гирди санаи 20 июн дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар мавзӯи “Таъмини суботи макроиқтисодӣ дар шароити таъсири омилҳои беруна” муовини авввали вазир Завқӣ Завқизода қайд кард, ки нақшаи чорабиниҳо аз 30 ноябри соли гузашта бо қарори ҳукумат тасдиқ шудааст.

Сурат аз маърӯзаи муаррифиномаи Завқӣ Завқизода

Бино ба гуфтаи ӯ, дар доираи амалисозии нақша оид ба таъмини суботи макроиқтисодӣ, пешбурди сиёсати молиявии пурсамар, беҳбуди муҳити сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, таъмини фаъолияти корхонаҳои давлатӣ корҳои муайяне ба сомон расонида шудааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи муоини вазир, дар самти камшавии вобастагии иқтисод ва низоми молиявӣ ба як кишвари муҳоҷират тадбирҳо рӯйи даст гирифта мешаванд.

Кори мизи гирд
Сурат аз дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ нақшаи зиддибуҳронии соли 2015 аз ҷониби ҳукумат қабулшударо иваз намуд.

Он аз 24 чорабиниҳои гуногун иборат аст. Ин чорабиниҳо ба нигоҳдории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар сатҳи устувор, таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои давлатӣ ва бонкҳои дучори мушкилот, тақвияти фаъолият дар самти беҳбуди муҳити сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ нигаронида шудааст.

Ба гунаи мисол, яке аз ин бандҳои нақша пешгирии беасос болоравии нархҳо ба маҳсулоти аз нигоҳи иҷтиомӣ зарур, гази моеъ, бензин, ҳамчунин хизматрасониҳои роҳи оҳан ва бахшҳои иҷтимоӣ мебошад.

Ғайр аз ин, амалисозии сиёсати пуливу қарзии асъорӣ, тақвияти назорат ва танзими фаъолияти бонкҳо, такмили зерсохтори низомҳои пардохт, тавсеъаи пардохтҳои ғайринақдӣ ва ғайра низ дар назар аст.

Ҳамчунин дар нақшаи чорабиниҳо пайгирӣ (мониторинг)-и истифодаи мақсаднок ва самараноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва бартараф намудани мушкилоти мавҷуда дар ин самт низ пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.