Бо мусоидати Маркази тиҷорати байналмилалӣ, дар Тоҷикистон тадқиқоте бо номи “Омӯзиши бозори либоси Тоҷикистон” гузаронида шуд, ки сар аз рӯзи 31-уми июл дар ин пайванд дастраси умум гардид. Тадқиқоти мазкур нахустин чунин як пажӯҳиши фарогири бозори либоси кишвар мебошад.

Он ҳаҷм ва сохтори бозори либоси Тоҷикистон, бозигарони аслӣ, ҳаҷми содироту воридот, нархгузорӣ, ва шабакаҳои тақсимоту тарғибот ва фурӯшро муайян мекунад. Маълумот дар бораи  истеҳсолкунандагони пешсафи ватанӣ низ дар тадқиқот ҷой дода шуда, дар он, ҳамчунин, ба ҳукумат ва бахши хусусӣ тавсияҳо пешниҳод мегардад.

Тадқиқоти мазкурро профессор Азизулло Авезов, мудири ширкати “Business Consulting Group” доир намуд, ки дар он масоили марбут ба ҳаҷми бозори либоси Тоҷикистон, сохтор ва равандҳои рушди он мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Тадқиқот бозорҳои мавҷудаи либосфурӯшӣ, дӯконҳои брендии ширкатҳо, фурӯшгоҳҳо, бутикҳо ва маконҳои дигари фурӯши сару либосро дар кишвар фаро мегирад.

Тавре тадқиқот муайян намудааст, дар соли 2017 ҳаҷми умумии бозори либосвории Тоҷикистон 241 миллион долларро ташкил дод, ки нисфи он аз сарулибоси аврупоӣ иборат мебошад. Қисмати азимтарини либосвории воридшуда, 77%-ро воридот аз Чин ташкил дода, бино бар омори расмӣ аз соли 2017, дар ин ҷадвал ҷойи дуввумро Туркия бо 15.9% ишғол менамояд.

Профессор Авезов мегӯяд: “Маълумоти дақиқ ва комил доир ба вазъи бозори либос, омилҳо ва тамоюлоти рушди он ҳам барои бахши хусусӣ ва ҳам барои бахши давлатӣ лозим аст. Дар баробари ин, ҷамъории омори пурраи ин бозор осон нест, чунки корхонаҳои зиёди ғайрисоҳавие низ ба истеҳсолот машғуланд, ҳаҷми зиёди либоси мардонаву занонаи миллӣ дар хонаҳо дӯхта мешавад, ва воридоти ғайрирасмии либос низ ҳаҷми қобили мулоҳиза дорад”.

Расман, дар Тоҷикистон 95 корхонаи дӯзандагӣ кор мекунанд, ки аксарияташон дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ҷойгиранд. Танҳо дар соли 2017 дар дохили кишвар дар ҳаҷми 21.6 миллион доллар либосворӣ истеҳсол шудааст.

Соҳаи дӯзандагӣ дарТоҷикистон барои фароҳамории ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши ҳаҷми содирот имкониятҳои фаровон дорад. Афзоиши аҳолӣ ва даромади мардум барои рушди ин бозор, махсусан, рушди қисмати либосҳои гаронбаҳо ва болоравии сатҳи фарҳанги истеъмолӣ саҳм мегузорад.

Шакли комили тадқиқоти мазкур бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ин ҷо дастрас аст.