Маъмулан деҳқонони вилояти Хатлон аввалин шуда дар Тоҷикистон ба ҷамъоварии ҳосили пахта шурӯъ карда, бинобар шароити иқлим, дар водии Ҳисор ва вилояти Суғд ин маърака каме дертар фаро мерасад.

Соли равон дар Тоҷикистон дар майдони 187 ҳазор гектар пунбадона кишт шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 1,7 ҳазор гектар зиёдтар мебошад, хабар доданд аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.

Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд, ки дар қиёс бо соли 2017 ба миқдори 22,3% камтар аст. Дар ин робита ҳукумат ба мақомоти маҳаллии ҳокимият дастур дод, ки майдони кишти пунбадона зиёд карда шавад.

Дар бораи ҷараёни ҷамъоварии ҳосили пахта дар саҳро навори видеоро аз бойгонӣ манзуратон мегардонем.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.