Тибқи нақшаи ҳукумати Тоҷикистон, дар муқоиса бо соли равон маблағгузорӣ ба бахши энергетика дар соли 2020 ба таври назаррас кам мешавад.

Дар Буҷети давлатии имсолаи Тоҷикистон барои рушди комплекси таъминот бо сӯзишворӣ ва энергетикӣ ҷудо гардидани 4,1 млрд. сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст.

Таҳиягарони лоиҳаи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020 ба ҳукумат пешниҳод кардаанд, ки ҷиҳати рушди комплекси таъминот бо сӯзишворӣ ва энергетикӣ соли оянда ҳудуди 3,5 млрд. сомонӣ воситаҳо ҷудо карда шаванд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли ҷорӣ ба андозаи 14,7% ё худ ба маблағи 601 млн. сомонӣ камтар аст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, коҳиши маблағгузорӣ ба ин соҳа дар соли оянда бо он маънидод мешавад, ки соли 2020 сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли барқ ба нақша гирифта нашудааст.

“Соли 2019 хати интиқоли барқи 500-киловолтаи “Роғун - Душанбе” ба маблағи 745 млн. сомонӣ ба истифода дода шуд. Бо назардошти дар нақшаи соли оянда пешбинӣ нагрдидани сохтмони хатҳои нави интиқоли барқ, маблағи ҷудомешуда дар ҳаҷми 3,5 млрд. сомонӣ барои бахши энергетика комилан кофист”, - мутмаин аст манбаъ.

Қисмати нисбатан зиёд маблағҳое, ки соли оянда ба соҳаи энергетика ҷудо карда мешаванд, ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун равона хоҳад шуд.

Бахши иқтисоди ҳукумати Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, ки соли 2021 ба рушди соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ - беш аз 5 млрд. сомонӣ ҷудо гардида, соли 2022 ин нишондиҳанда ба ҳудуди 6,2 млрд. сомонӣ мерасад. Ин воситаҳо асосан ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва таъмиру навсозии иқтидорҳои энергетикии мавҷуда дар кишвар равона карда мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.