Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 1-уми октябр созишномаи моҳи июл баимзорасидаро миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶСП “Тоҷиксемент” тасдиқ кард. Ин санад дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар пойтахт мебошад.

Зимни шарҳи он ба вакилон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода қайд кард, ки пас аз мавриди истифода қарор гирифтанаш корхона муддати панҷ сол аз пардохти андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ барои шаҳрвандони хориҷии машғули кор дар он озод карда мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, сармоягузор ҳамчунин аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ зимни воридоти таҷҳизот ва масолеҳ барои корхонаи нав озод мешавад.

Ҳамрализода зикр кард, ки барои бунёд ва муҷаҳҳаз гардонидани корхона, инчунин бунёди коргоҳҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонии бетонӣ ва халтаҳо “Тоҷиксемент” 1 млрд. сомонӣ (наздики 100 млн. доллар) сарф мекунад.

Вакили парлумон Ҳусейн Нидозода аз ҳамтоёни худ даъват кард, ки ба ҷонибдории сохтмони корхонаи истеҳсоли семент дар пойтахт овоз диҳанд. Дар ҳамин ҳол, ӯ ба вакилон итминон дод, ки корхона бо истифода аз технологияҳои муосир ва риояи талаботи экологӣ сохта шуда, ба муҳити зист ва солимии одамон таъсир намерасонад.

Роҳбари “Тоҷиксемент” Бахтиёр Маҷидов изҳор дошт, ки корхона баҳри саҳмгузорӣ ба саноатикунонии кишвар сохта мешавад.

Ба қавли ӯ, корхона майдони 33 гектарро фаро гирифта, аз ҷумла, дар 15 гектар хати истеҳсолӣ, 10 коргоҳи асосӣ ва 2 коргоҳи ёридиҳанда ҷойгир шуда, дар 17 гектари боқимонда анбори ашёи хом, маҳсулоти тайёр, тавқифгоҳи нақлиёт, коргоҳи таъмир, бинои маъмурӣ ва дигар иншоот сохта мешавад.

Ӯ таъкид дошт, ки корҳои лоиҳакашӣ, таъмин ва насби таҷҳизот бо ҷалби ширкати чинии Jiangsu Pengfei Group Co., LTD амалӣ мешаванд.

Муҳлати анҷоми корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизоти корхона 2,6 сол ба нақша гирифта шудааст.

“Корхона дар канори шаҳр мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ сохта шуда, фаъолияти он ба муҳити зист ва солимии аҳолӣ безарар хоҳад буд”, - гуфт роҳбари он.

Вай афзуд, ки дар коргоҳҳо низоми 10-даврагии поксозӣ роҳандозӣ хоҳад шуд, ки қариб ба риояи 100-фоизаи ҳифзи муҳити зист ва амалисозии истеҳсолоти бепартов имкон медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.