Кумитаи андози Тоҷикистон 10 андозсупорандаи беҳтарини соли 2019-ро бо дипломҳо сарфароз гардонид.

Тақдими диплом ва ифтихорномаҳо ба муносибати Рӯзи соҳибкорон доир гардид, ки он бо пешниҳоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2014 ҳар 2-юми октябр таҷлил мешавад.

Ба феҳристи 10-гонаи “Беҳтарин андозсупорандагон” дар соли 2019 корхонаву ширкатҳои «Сементи Тоҷик», «Тоҷикистону Америка корхонаи муштараки Анзоб», БДА «Амонатбонк», ҶСП «Холиқ Бонк Тоҷикистон», ҶСП «НБО Сангтӯда-1», Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байнулмилалии президентӣ”, ҶДММ «Мегаполис Тоҷикистон», ҶСП «Беҳдоштӣ», ҶСП «ТТ Мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дохиланд.

Дар мақомоти андоз қайд мекунанд, ки бо назардошти иҷрои уҳдадориҳои пардохти андоз, комиссияи махсуси Кумита ин корхонаҳоро беҳтарин арзёбӣ кардааст.

“Озмуни мазкур, ки бо мақсади ҳавасмандсозии фаъолияти андозсупорандагон роҳандозӣ шудааст, ба беҳбуди пардохти андозҳо мусоидат мекунад”, - хабар доданд аз ин Кумита.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.