Минбаъд конҳои маъдан ба сармоягузорони хориҷӣ бе риояи шарти коркарди маъдан то маҳсулоти ниҳоӣ пешниҳод намешавад. Дар давоми ду-се соли оянда бояд коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ дар дохили кишвар, аз ҷумла, нахи пахта, пилла, пӯст ва маъдан пурра ба роҳ монда шавад.

Дар ин бора сарвари давлат рӯзи 14-уми октябр зимни мулоқот бо кормандони соҳаи саноати кишвар изҳор дошт.

Тоҷикистон боигариҳои бузурги маъданӣ ва ғайримаъданӣ, аз ҷумла, садҳо кони металлҳои ранга, сиёҳ, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, масолеҳи сохтмон ва ғайра дорад. Ҳукумати мамлакат ба соҳаи истихроҷи маъдан таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва захираҳои зеризаминиро баъди иқтидорҳои бузурги энергетикии кишвар манбаи дуюми боигарии миллӣ меҳисобад. Бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ дар солҳои истиқлоли давлатӣ корхонаҳои истихроҷи металлҳои ранга ва сангҳои қиматбаҳо, ангишт, масолеҳи сохтмон ва дигар маъданҳо бунёд гардида, ба нақша гирифта шудааст, ки захираҳои маъдан пурра дар дохили кишвар коркард ва сипас ба содирот бароварда шавад, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Корхонаҳои соҳаи саноати маъдан ва металлҳои қиматбаҳо дар солҳои 2000-2019 ба маблағи умумии 26 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Танҳо соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа ба 5,9 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба соли 2000-ум 13,5 баробар зиёд гардид.

То соли 1992 дар корхонаҳои соҳаи саноати маъдан ва металлҳои қиматбаҳо қариб 3000 нафар мутахассисону коргарон фаъолият мекарданд. Имрӯз, яъне баъди таъсиси корхонаҳои нав ва зиёд намудани ҷойҳои корӣ шумораи коргарон дар соҳаи саноати маъдан ва металлҳои қиматбаҳо ба беш аз 10000 нафар расида, танҳо дар давоми ду соли охир зиёда аз 1100 ҷойи кории нав ташкил карда шудааст.

1/28

Ҳадафи ин вохӯрӣ таҳлили вазъи воқеии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус, бахши саноат, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, дарёфти роҳҳои нави рушди саноат ва мусоидат ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии мамлакат буд. Зимнан раисҷумҳур ба ҳукумати кишвар, вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои марбута барои дар амал ҷорӣ кардани ислоҳоти соҳа, барномаҳои давлатӣ ва сармоягузорӣ ба иқтисоди миллӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ватанию ивазкунандаи воридот ва ба шуғл фаро гирифтани сокинон супоришҳо дод.

“Ҳарчанд ки дар ҳафт соли охир суръати миёнаи рушди саноати кишвар дар сатҳи қариб 12 фоиз таъмин шуда истодааст, вале ин нишондиҳанда барои саноатикунонии босуръати кишвар ҳоло ҳам қонеъкунанда нест. Ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2018-ум 17,3 фоизро ташкил кард ва вазифаи мо аз он иборат аст, ки ин ҳиссаро ба 30 фоиз расонем”, - иброз дошт сарвари давлат.

Соли 1991 дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон 215 ҳазор нафар кормандон ё 13 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт машғул фаъолият доштанд ва ҳаҷми истеҳсолоти соҳаи мазкур 25,4 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медод. Дар соли 2018 ин рақамҳо мутаносибан ба 85,6 ҳазор нафар ё 3,5 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт машғул ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 17,3 фоизро ташкил намуд.

Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар қатори дигар соҳаҳо саноати кишвар ба зарбаи шадид дучор гардид. Дар натиҷа соли 1997 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишвар 32,3 фоизи ҳаҷми соли 1990-умро ташкил кард. Ҳамзамон қисми зиёди корхонаҳои саноатӣ, ки баъзеи онҳо солҳои 50-60-уми асри гузашта ташкил шуда буданд, аз ҷиҳати технологӣ фарсуда ва таҷҳизоти онҳо куҳна гардиданд.

Таҷдиди таҷҳизоти техникии корхонаҳои соҳаи саноат дар баъзе мавридҳо ғайриимкон аст ё маблағҳои ниҳоят калонро талаб менамояд. Масалан, танҳо таҷдиди се нерӯгоҳи барқи обӣ дар кишвар – “Норак”, “Сарбанд” ва “Қайроққум”, ки ҳоло корҳо дар ин самт оғоз шудаанд, бо ҷалби беш аз 10 миллиард сомонӣ ба роҳ монда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар кишвар як қатор корхонаҳои хусусигардонидашуда шартҳои озмунро пурра иҷро накарданд ва аз фаъолият бозмонданд. Майдонҳои истеҳсолӣ ба соҳибкорон ба иҷора дода шуда, имрӯз ҳамчун анбори маҳсулоти воридотӣ истифода мешаванд ва як қисми онҳо ба соҳибкорон барои ташкили коргоҳҳои хизматрасонӣ супорида шудаанд.

Бино ба таъкиди сарвари давлат, Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нисбат ба корхонаҳои соҳиби имтиёзгардида, ки фаъолияти худро қатъ карданд ё бо иқтидори лоиҳавӣ фаъолият надоранд ва уҳдадориҳои созишномавии худро сари вақт иҷро накарданд, бояд тибқи қонунгузории амалкунанда тадбирҳои зарурӣ андешанд.

“Дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳаи саноат, дар навбати аввал, ба масъулони соҳа ва соҳибкорон вобаста мебошад. Бинобар ин, зарур аст, ки барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ тарзу усули корбарӣ ва роҳҳои амалигардонии сиёсати саноатии кишвар дигар карда шаванд. Бо мақсади назорати амалишавии сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар ва ҳамоҳангсозии масъалаҳои марбут ба он, баррасии масъалаҳои мавҷуда дар сатҳи маҳалҳо, инчунин, барои аз байн бурдани монеаҳои маъмурии вуҷуддошта ва роҳнамоию ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ зарур аст, ки комиссияи босалоҳияти давлатӣ таъсис дода шавад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳур ба ҳукумати мамлакат супориш дод, ки лоиҳаи қарор дар бораи таъсиси Комиссияи давлатии амалисозии сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар таҳти роҳбарии cарвазири Тоҷикистон ва барномаи махсуси саноатикунонии босуръати кишварро барои солҳои 2020-2030 таҳия карда, барои тасдиқ пешниҳод намояд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.