Имкони маҳдуди корёбӣ ва сатҳи баланди камбизоатӣ дар деҳот хавфи шиддати вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистонро ба вуҷуд меоранд. Марбут ба ин дар Арзёбии хавфу устуворӣ ба омилҳои беруна дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) гузаронида шудааст, маълумот дода мешавад.

Ҳамчунин таҳлилгарони бонк хавфҳои марбут ба бехатарӣ бо назардошти сарҳади умумӣ бо Афғонистон (1400 км) ва хавфҳои иҷтимоии вобаста ба сатҳи пасти хизматрасонӣ дар деҳотро қайд мекунанд.

Бино ба маълумоти сомонаи Бонки ҷаҳонӣ, айни замон стратегияи марбут ба осебпазирӣ, низоъ ва хушунат таҳия мешавад.

Дар ин стратегияи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ маблағгузории бесобиқа барои ҳалли мушкилоти мазкур пешбинӣ мешавад. Яке аз воситаҳои маблағгузорӣ Барномаи “Реҷаи коҳиши хатарҳо” мебошад.

Зикр мешавад, ки Тоҷикистон дар қатори Гвинея, Непал ва Нигер дар доираи ҳамин барнома 100 млн. доллар маблағгузорӣ шудааст.

Аз ҳисоби ҳамин маблағҳо се лоиҳа – Беҳбуди усутувории иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, Рушди иқтисоди деҳот ва Таъмини барқи деҳот амалӣ мешаванд, ки дар якҷоягӣ Барномаи баланд бардоштани устуворӣ ба омилҳои беруна дар Тоҷикистон унвон доранд.

Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар коҳиши хатарҳои вобаста ба осебпазирӣ тариқи таҳкими имконоти ниҳодҳои маҳаллӣ, пешбурди  муколама бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди хизматрасонии фарогир барои ҷавонон, дастгирии таъмини сарчашмаҳои даромад барои рӯзгор, ҳамчунин фароҳамсозии имконоти нави иқтисодӣ дар бахшҳои сайёҳӣ ва тиҷорати маҳсулоти кишоварзӣ дар сатҳи ҷамоатҳо кумак мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.