Дар Вазорати молияи Тоҷикистон ҷанде қабл маросими имзои созишномаи грантӣ байни ҶТ Тоҷикистон, МД “Хоҷагии коммуналӣ”-и ҳукумати шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба Лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб”, инчунин созишномаи грантӣ байни ҶТ, КДК “Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд” ва БАТР оид ба Лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд” баргузор гардид.

Тавре  Раёсати котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин созишномаҳоро аз ҷониби Тоҷикистон – вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз ҷониби БАТР Айтен Рустамова – Намояндаи доимии Бонки мазкур дар Тоҷикистон ба имзо расониданд.

Маблағи умумии созишномаҳои баимзорасида 7 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 5 млн. доллар аз ҳисоби маблағҳои грантии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO) барои татбиқи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд” ва 2 млн. доллар барои татбиқи лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб” аз ҳисоби маблағҳои грантии Иттиҳоди Аврупо равона мегардад.

“Мақсади асосии Лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб” ин ҷорӣ кардани технологияи муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ, усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, беҳтаргардонии вазъи санитарӣ ва экологии шаҳри Кӯлоб мебошад”, - омадааст дар хабари вазорат.

Зикр мешавад, ки ҳадафи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд” ин беҳтар кардани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд буда, дар доираи он харидории автобусҳои замонавӣ ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.