Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 13-уми апрел дар ҷараёни ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маылиси Олии ҶТ тағйироту иловаҳо ба як қатор қонунҳо, ҳамчунин созишномаҳои қаблан имзошударо баррасӣ карданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти МНМО ҶТ хабар доданд, дар ҷаласа аз ҷумла Созишномаҳои лоиҳавӣ байни ШСХК «Барқи тоҷик» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва байни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа» баррасӣ шуданд.

Дар назар аст, ки мувофиқи ин лоиҳаҳо Тоҷикистон барои беҳбуди иншооти зерсохтори ноҳияҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ, ки дар канори хати интиқоли барқи CASA-1000 ҷойгир шудаанд, 26 млн доллар маблағ дастрас мекунад.

Тасдиқи лоиҳаҳои созишномаҳо лар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони кишвар дар назар аст.

Ғайр аз ин, дар ҷаласаи Шӯрои парлумон тағйироту иловаҳо ба қонун "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ", ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии МНМО ҶТ, бобати тағйирот ба қонун “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода қайд кард, дар қонуни амалкунанда меъёрҳое вуҷуд доранд, ки онҳо тартиби муроҷиати электронии субъектҳои соҳибкориро барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба танзим медароранд.

“Вале таҷриба собит сохт, ки имконияти мазкур бинобар сабаби дар сатҳи зарурӣ ва пурра танзим наёфтани раванди электронӣ гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ кам истифода мешавад”, - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи вакил, аз ин хотир, бо мақсади дақиқ кардани раванд ва васеъ намудани имконият ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ҷиҳати тариқи электронӣ пешниҳод сохтани ариза ва гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар лоиҳа меъёрҳои зарурӣ мутобиқ ба Консепсияи ташаккули “Равзанаи ягона оид ба расмиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ дар ҶТ” пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.