Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 9 июл​ дар шаҳри Хуҷанд​ аз​ корхонаи​ ресандагии ҶДММ «Сомон гурӯҳ» боздид карда, бо корҳои барқароркунии он аз наздик шинос шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, иттилоъ дода шуд, ки алҳол дар корхонаи мазкур корҳои барқароркунии он ҷараёни тоза касб намуда, дар назар аст, ки​ рӯзҳои наздик​ ин корхонаи саноатӣ бо муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ бо фарогирии 350 нафар ба кор шурӯъ хоҳад намуд.

Гуфта мешавад, иқтидори корхона​ дар як шабонарӯз коркарди беш аз 8 тонна пахта буда, он асосан маҳсулоти хешро ба хориҷа содирот хоҳад намуд.

Сурат: хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Раҷаббой Аҳмадзода иқдоми моликони корхонаро фоли нек арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки ҷиҳати то коркардаи ниҳоӣ расонидани пахта тадбирҳо​ андешида шавад.​

Раиси вилоят барои рушди босуботи корхона ва дигар коргоҳҳои ҳамсони он таъсиси Ассотсиатсияи корхонаи саноати сабуки вилоятро муҳим арзёбӣ намуд, зеро бо ташкили чунин иттифоқ имкони ба роҳ мондани равобити мустақим байни корхонаҳои саноати сабук роҳандозӣ гардида, ҳамзамон он барои​ ба таври таъҷилӣ ҳал намудани мушкилоти ба миёномада мусоидат хоҳад намуд.

Гузашта аз ин, дар заминаи Ассотсиатсия ба роҳ мондани содироти маҳсулоти саноати вилоят ба хориҷи кишвар, андӯхтани таҷриба ва роҳандозии​ ҳамкориҳои мутақобилаи судманд амалӣ хоҳад шуд.

Ёдрас мешавад, ки дар вилояти Суғд беш аз 640 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар нимсолаи якуми соли равон​ ​ ба маблағи 6​ 576,8 млн. сомонӣ​ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.