Давоми ним сол судҳои иқтисодии Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои баррасии 1851 парванда ба сифати боҷӣ давлатӣ ба буҷети ҷумҳурӣ 1 млн 891 ҳазору 434 сомонӣ (зиёда аз 183,5 ҳазор доллар) маблағ ворид карданд.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотии имрӯза раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода хабар дод.

“Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар судҳои иқтисодии Тоҷикистон 1851 парванда баррасӣ шуд, ки аз рӯйи натиҷаи 1509-тои он санадҳои судӣ содир шуд. 1049 парванда ҳал шуда, истеҳсолоти 56 парвнада қатъ ва боз 74 ариза ҳоло баррасӣ нашудааст. Баррасии 12 ариза рад шуда, 318 парванда бинобар мутобиқат надоштан ба талабот баргардонида шуданд”, - изҳор дошт ӯ.

Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, нимсолаи аввал 4 аризаи даъвогӣ ба суд ворид шуд, ки иштирокчиёни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ ё ширкатҳо мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.