Айни замон дар Тоҷикистон 66 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 36,1 млрд сомонӣ мавриди амалишавӣ қарор доранд.

Раиси Кумитаи давлати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба ҳолати 1 июли соли 2020 бо назардошти анҷоми татбиқ ва роҳандозии лоиҳаҳои нав аз 23 лоиҳаи грантӣ, 8 лоиҳаи қарзӣ ва 35 лоиҳа оид якҷо маблағгузории қарз ва грантҳо иборатанд.

Ҳамрализода қайд кард, ки дар сохтори ин лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои қарзӣ 18,1 млрд сомонӣ ё худ 50%, маблағҳои грантӣ - 16,5 млрд сомонӣ ё 45,3%, саҳми ҳукумати Тоҷикистон - 1,3 млрд сомонӣ ё 3,6% ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла корхонаҳои давлатӣ, мақмоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сарпарастон ва дигарон - 384,5 млн сомонӣ ё 1,1%-ро ташкил медиҳанд.

“Давоми 6 моҳи соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаҳои мавҷуда 1,2 млрд сомонӣ маблағҳо азхуд шуданд, ки дар умум ба 93% аз нақшаи молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ баробар аст”, - гуфт Ҳамрализода.

Дар мавриди татбиқи созишномаҳои сармоягузорӣ ва лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ Ҳамрализода қайд кард, ки бар асари пандемияи коронавирус дар саросари дунё ва ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо, айни замон ба ҷумҳурӣ омадани мутахассисони машғули кор дар чанде аз лоиҳаҳо ба таъхир афтодааст.

“Ҳозир бо Чин ва як қатор кишварҳои дигар дар бораи ташкили парвозҳои чартерӣ ҷиҳати овардани коршиносони хориҷӣ ва мутахаассисон барои амалисозии лоиҳаҳо дар Тоҷикистон дар сатҳи расмӣ гуфтушунидҳо ҷараён доранд”, - таъкид дошт раиси Кумита.

Ҳамчунин зикр шуд, ки дар интиқоли таҷҳизоти зарурӣ низ имкониятҳо маҳдуданд, ки ин ҳам ба татбиқи лоиҳаҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.