Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар Намоишгоҳи байнулмилалии саноатии "ИННОПРОМ" ширкат варзида, дар иҷлосияи асосии стратегии ин чорабинӣ суханронӣ кард.

Ӯ изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон тағйироти пас аз буҳронро ҳис мекунанд ва чун қисмати зиёди аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, ҳукумат  аз ин имконот баҳри рушд истифода мекунад. Ӯ инчунин сармоягузоронро ба Тоҷикистон даъват кард.

Намоишгоҳи байнулмилалии саноатии "ИННОПРОМ" аз 5 то 7 апрел дар шаҳри Тошканда доир гардида, дар чорабиниҳои он ширкат ва ҳайатҳои тоҷирон аз Русия, Ӯзбекистон, Фаронса, Олмон, Чехия, Ҷопон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Арманистон ва Қирғизистон иштирок доранд.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти мошинсозии нақлиётӣ ва энергетикӣ, технологияҳои иттилоотии саноатӣ, технология барои шаҳрҳо, техникаи тиббӣ ва дорусозӣ, металлургия ва мавод, пластмасс ва каучук ба маърази ом гузошта шудааст.

Ба ҷуз Иҷлосияи асосии стратегӣ, дар доираи кори намоишгоҳ 20 иҷлосияи махсус бо иштироки шахсони аввали ширкатҳои Ӯзбекистон, Русия, Аврупо ва Осиё, инчунин роҳбарони мақомоти ҳукумат, иттиҳодияҳои корӣ, ниҳодҳои рушд ва ВАО низ баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.