Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори фабрикаи пойафзолбарории шаҳри Магнитогорски Русия  Владимир Валашокро ба ҳузур пазируфта, аснои суҳбат ҷонибҳо перомуни тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода нахуст доир ба вазъи соҳаи саноати вилоят ва тадбирҳои амалишаванда дар ин соҳа маълумот дода, иброз дошт, ки дар вилоят ба ташкили корхонаҳои нави саноатӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ва таъмини ҳарчи бештари шаҳрвандон бо ҷойи кор якҷо бо соҳибкорону сармоягузорон лоиҳаҳои мушаххас амалӣ шуда истодааст.

Гуфта мешавад, яке аз чунин тадбирҳои нек ташкили корхонаҳои пойафзолбарорӣ ва таъмини бозор бо маҳсулоти ватанӣ арзёбӣ гардид.

Зикр шуд, ки феълан дар вилояти Суғд 6 корхонаи пойафзолбарорӣ фаъолият доранд, ки аз инҳо ду корхона дар шаҳри Исфара, ду корхона дар шаҳри Истаравшан ва ду корхонаи дигар дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бӯстон ҷойгир буда, соли 2020 дар ин корхонаҳо 115,8 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019 ҳудуди 50 ҳазор ҷуфт зиёд мебошад.

“Дар асоси нақшаҳои тарҳрезишуда фабрикаи пойафзолбарории Магнитогорск дар корхонаи пойафзолбарории ҶДММ “Исфара-саманд”-и шаҳри Исфара хати нави истеҳсоли пойафзолро ба роҳ мемонад, ки дар натиҷа шумораи ҷойҳои корӣ зиёд ва ҳаҷми истеҳсолот бештар мешавад”, - омадааст дар хабар.

Боо назардошти зиёдшавии истеҳсоли пӯст дар вилоят роҳбари вилоят пешниҳод намуд, ки дар ояндаи наздик аз ҷониби фабрикаи пойафзолбарории Магнитогорск дар шаҳри Хуҷанд корхонаи пойафзолбарорӣ таъсис дода шавад.

Директори фабрикаи пойафзолбарории Магнитогорск Владимир Валашок дар баробари изҳори сипос барои пазироӣ, ҳамзамон омодагии худро барои расидан ба  ҳадафҳои муштарак ва истифодаи имконоти мавҷуда дар вилояти Суғд баён намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.