Наздик ба 20 сол дар бозор, беш аз 300 коргар, 12 гектар истеҳсолот - ин гурӯҳи истеҳсолии "Фаровон" аст, ки орд ва равғани навъҳои гуногун истеҳсол мекунад.

Бузургтарин фабрикаи истеҳсоли орд дар Осиёи Миёна - 600 тонна дар як шабонарӯз. Корхонаҳои ширкат, ки дар шимоли Точикистон ҷойгиранд, ифтихори на танҳо вилояти Суғд, балки тамоми ҷумҳурӣ мебошанд.

Ва ровии Made in Tajikistan барои омӯзиши таҷрибаи истеҳсолӣ ба он ҷо рафт. Чӣ тавр равған, орд ва ҳатто нони тоҷикӣ мепазанд – дар барномаи навбатии мо.

Made in Tajikistan лоиҳаи видеоии “Азия-Плюс” аст. Ровии мо – блогери шинохта Рафаэл Гулов аз корхонаҳои бузург ва хурди кишварамон, ки ба рушди иқтисод саҳм мегузоранд, боздид мекунад. Ӯ дар видеогузориши худ маълумот медиҳад, ки ин корхонаҳо чӣ истеҳсол мекунанд, киҳо фаъолият менамоянд ва ба куҷо маҳсулоти худро мефиристанд. Мо ҳам истеҳсолот дорем ва дар он одамони зиёд кор мекунанд!

Шарики кулли лоиҳаи мо яке аз ширкатҳои соҳибтаҷриба дар соҳаи тарроҳӣ ва бунёди иншооти энергетикӣ – ҶСП “ТАДЭС” мебошад. ТАДЭС” – 81 сол дар саргаҳи сохтмони саноатӣ.

https://www.facebook.com/CJSKTADES/

https://www.instagram.com/cjsc_tades/

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.