Дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе ду корхонаи нави истеҳсоли чароғпояҳои нуридиодӣ ва лампаҳо, ҳамчунин истеҳсоли қуттиҳои коғазӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, дар корхонаи аввал зиёда аз 27 намуд лампаҳо истеҳсол карда мешавад.

Сурат: dushanbe.tj

Гуфта мешавад, дар корхонаи навтаъсис зиёда аз 45 ҷойи кори нав муҳайё карда шуда, кормандон пеш аз оғози кор ба курсҳои кӯтоҳмуддати тахассусӣ ҷалб гардидаанд.

Зимни ифтитоҳи корхона ба намояндагон масъулин иттилоъ доданд, ки маводи хом ба корхона аз Русия ворид гардида, банду баст карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар корхонаи дуюми ҶДММ “Пӯлотов” аз хориҷи кишвар технологияи муосир оварда шуда, истеҳсоли зиёда аз 30 намуд қуттиҳои коғазӣ ба роҳ монда шудааст.

Зикр мегардад, ки имкони истеҳсоли моҳонаи корхона наздик ба 1,5 млн адад қуттӣ мебошад.

Сурат: dushanbe.tj

Дар ҳудуди корхона зиёда аз 6 намуди техникаи замонавӣ насб гардида, масоҳати умумии иншоот 2700 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.