Қарзи дебитории ШСХК “Барқи тоҷик” то аввали соли 2022 зиёда аз 3,3 млрд сомонӣ (292 млн доллар)-ро ташкил медиҳад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ширкати мазкур.
Бузургтарин қарздори ширкат “Ширкати алюминии Тоҷикистон” боқӣ мемонад, ки қарзаш дар соли 2021 қариб 70 млн сомонӣ (6,2 млн доллар) афзуда, то аввали соли ҷорӣ ба ҳудуди 460 млн сомонӣ (40,7 млн доллар) расидааст.
Қарзи ҷамъшудаи аҳолӣ аз нерӯи барқ дар аввали соли 2022 ба 1,4 млрд сомонӣ (124 млн доллар) наздик шуд. Ҳаҷми умумии қарзҳои пардохтнашудаи аҳолӣ барои нерӯи барқ дар соли гузашта беш аз 40 млн сомонӣ (3,5 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.
Корхонаҳои бахши кишоварзӣ (206,3 млн сомонӣ), ҶСК «НБО Роғун» (36,2 млн сомонӣ), Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ (373,1 млн сомонӣ), ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ (112,4 млн сомонӣ), корхонаҳои хоҷагии обу корез (53,5 млн сомонӣ) аз ҷумлаи дигар қарздорони буруги ширкат номбар мешаванд.
Қаблан зикр гардида буд, ки қарзи умумии кредитории “Барқи тоҷик” то аввали соли ҷорӣ ҳудуди 32,3 млрд сомонӣ (наздики 2,9 млрд доллар)-ро ташкил дод.
Тайи соли ахир қарзи умумии ширкат ба миқдори 3,3 млрд сомонӣ (292 млн доллар) зиёд шуд.
Аз ҷумла, қарзи “Барқи тоҷик” дар назди Вазорати молия (қарзҳои ҷалбшуда барои татбиқи лоиҳаҳои электроэнергетикӣ) ба зиёда аз 24,1 млрд сомонӣ расидааст.
Қарз ба “Ориёнбонк” ҳудуди 2,2 млрд сомонӣ, НБО “Сангтӯда-1” - 2,1 млрд сомонӣ, НБО “Сангтӯда-2” - 2,7 млрд сомонӣ, ҶСК “НБО Роғун” - 630 млн сомонӣ ва ҶСК ”Тоҷиктрансгаз” - 362 млн сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин ширкат аз ангишти гирифтааш барои Марказҳи барқу гармидиҳӣ ба таҳвилгарон 215 млн сомонӣ қарздор шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.