Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдори ҳукумат дастур дод, ки ҳарчӣ зудтар қонун “Дар бораи тиҷорати электронӣ”-ро таҳия кунанд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратии назди президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ӯ мақомоти масъулро муваззаф намуд, ки барои роҳандозии тиҷорати электронӣ тамои тадбирҳои заруриро андешанд.

“Бо мақсади таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи тиҷорати электронӣ дар кишвар ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода шуд, ки лоиҳаи Стратегияи рушди тиҷорати электронӣ ва барномаи амал оид ба татбиқи онро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд”, - омадааст дар хабар.

Стратегия ва барномаи амал бояд маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба баланд бардоштани малакаи рақамӣ ва молиявии аҳоливу соҳибкорон, рушди инфрасохтор ва логистикаи тиҷорати электронӣ, такмил додани гардиши ҳуҷҷатҳо ва пардохтҳои электронӣ фарогир бошад.

Ба мақомоти соҳавӣ президент супориш дод, ки чораҳои самараноки гузариши муназзам аз низоми анъанавӣ ба низоми рақамиро бо дарназардошти масъалаҳои муҳимми соҳа, аз ҷумла роҳандозии ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои электронӣ дар амалиёти тиҷоратӣ, истифодаи васеи кортҳои бонкӣ ва мобилӣ, коҳиш додани ҳаҷми тиҷорат бо пули нақд, ҷорӣ намудани расидҳои электронӣ ва дигар ҷанбаҳои рушди соҳа амалӣ намоянд.

Дар баробари ин, таъмини амнияти иттилоотӣ ва бехатарии киберӣ дар ҳама соҳаҳои истифодаи технологияҳои рақамӣ таъкид шуд.

“Вазорати маориф ва илм ва дигар сохторҳои марбута аз Президенти мамлакат супориш гирифтанд, ки барномаҳои таълимиро ҳарчи зудтар такмил дода, барои омӯзиши васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ шароити мусоид фароҳам оваранд”, - зикр мешавад дар хабар.

Дар ин раванд, таҳия ва татбиқи барномаи омодасозии кадрҳои соҳаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо истифодаи усулҳои муосири таълим мувофиқи мақсад дониста шуд.

Вобаста ба нақши муҳими паркҳои технологӣ дар ҳалли масъалаҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди тиҷорати электронӣ, афзоиши ҳиссаи технологияҳои иттилоотӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва тавлиди маҳсулоти глобалӣ, ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати мукаммал намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти паркҳои технологияҳои иттилоотӣ ва таъсиси онҳо чораҷӯӣ намоянд.

Сурат: хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Қобили зикр аст, ки тиҷорати электронӣ (E-commerce) фаъолияти соҳибкорие мебошад, ки ба паҳн кардан, таблиғ (реклама), пешбурд, фурӯши хидматрасонӣ ё молу маҳсулот тариқи Интернет марбут аст. Ин соҳа дар ИМА пайдо шуда, сипас дар Аврупо ва охири солҳои 90-уми қарни гузашта дар Чин ва Русия рушд кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.