Дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 28 июл зикр шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар корхонаҳои кишвар истеҳсоли орд 35% кам шудааст.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, аз ин рӯ, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Ассотсиатсияи воридкунандагон ва коркардкунандагони ғалла ва маҳсулоти ғалладонагӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати мунтазам ворид намудани гандум аз хориҷи кишвар  инчунин, дарёфти роҳҳои алтернативии воридоти он бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Қобили зикр аст, ки болоравии боҷи гумрукии фурӯши зироати ғалладонаи Русия ва боздоштани содироти гандум аз ҷониби Қазоқистон ба Тоҷикистон таъсири назаррас расонид.

Дар Тоҷикистон нархи як халта орди вазнаш 50 кило аз 280 сомонии арзиши пешина то ба 380 сомонӣ боло рафт.

Қобили зикр аст, ки пас аз оғози даргириҳо байни Русия ва Украина дар бозори асъор ва маҳсулоти хӯроквории Тоҷикистон тағйирот ба вуҷуд омад.

Тоҷикистон орду гандумро қариб пурра аз Қазоқистон ворид мекунад. Дар ҳамин ҳол, солҳои ахир воридоти орд афзуда, гандум бошад, баръакс зиёд мешавад. Ин ба ифтитоҳи иқтидорҳои нав дар Тоҷикистон оид ба коркарди гандум вобаста аст, ки айни замон қариб 90%-и талаботи кишварро ба орд таъмин мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.