Дар Душанбе чорабинӣ бахшида ба дастовардҳои лоиҳаи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) оид ба рақобатпазирии агробизнес (ACAT) дар самти дастрасӣ ба маблағгузорӣ баргузор шуд. Иштироккунандагони лоиҳа аз таҷрибаи худ нақл карданду масъулини лоиҳа онҳоро баррасӣ ва натиҷагирӣ намуданд.

Лоиҳаи USAID оид ба рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон соли панҷум аст, ки фаъолият мекунад. Тӯли панҷ сол USAID ба бахши агробизнеси Тоҷикистон дар ҷанубу ғарби вилояти Хатлон ҳудуди 18,6 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Омори мазкур таҷрибаҳои зиёди тиҷорати сокинони маҳаллӣ ва шебу фарози зиёдеро дар худ гирд овардааст.

Бодя гуфт, ки вилояти Хатлон бо Афғонистон ҳамсарҳад буда, минтақаи сераҳолӣ ва сусттараққиёфтаи кишвар аст. Дар ин баробар, Хатлон бузургтарин минтақаи тавлидкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ ба шумор меравад, ки зарфияти бузурги истеҳсолу фурӯши маҳсулотро дар бозори дохилӣ ва содиротӣ дорад. Аммо сифати махсулоти истеҳсолии ин минтақа талаботи бозори истеъмолиро қонеъ карда наметавонад. Лоиҳаи USAID ACAT маҳз дар ҳалли ин мушкилӣ кумак мекунад.

Дастрасӣ ба маблағгузорӣ ҷиҳати рушди корхонаҳои хурду миёна дар бахши кишоварзӣ нақши махсусан муҳим мебозад. Рӯзи 10-уми май оид ба натиҷаҳои зерлоиҳаи USAID ACAT доир ба тавсеаи дастрасии корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолкунандаи шир ва меваю сабзавот ба маблағгузорӣ дар вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дастрасӣ ба сармоя

Яке аз сабабҳои асосии паст будани сифати маҳсулоти истеҳсолӣ дар вилояти Хатлон  набудани дастрасӣ ба маблағгузорӣ барои корхонаҳои хурду миёна дар соҳаи кишоварзӣ мебошад. Маблағгузорӣ метавонад ба онҳо дар тавсеаи истеҳсолот ва ворид кардани технологияи муосир кӯмак кунад, аммо дасрас кардани маблағ осон нест. Фоизи баланд ва дигар шартҳое, ки пардохти қарзро мушкил мекунад, садди роҳи соҳибкорон мешаванд.

Дар робита ба ин, дар доираи лоиҳаи USAID ACAT, бо панҷ муассисаи маблағгузории хурд шартномаи шарикӣ имзо шуда, ба ҳар кадоми онҳо маблағҳои грантӣ барои таҳияи маҳсулоти қарзии махсус барои кишоварзон бо фоизҳои дастрас ва талаботи соддаи қарздиҳӣ пешниҳод карда шуд.


Дар натиҷа, дар панҷ соли охир грантҳои USAID ACAT ба 755 корхонаи хурду миёнаи кишоварзӣ беш аз 16 миллион сомонӣ (1,5 миллион доллари ИМА) (61% ба занон ва 23% ба ҷавонони то 30-сола) қарз ҷудо гардид. 

Достони муваффақият

Лоиҳаи USAID ACAT барои бархе аз сокинони Хатлон як гардиши воқеӣ дар зиндагии онҳо шуд. Ҳалима Абдуллоева тиҷораташро танҳо бо як гов оғоз кардааст - бо қарз: “Барои як гов ман маҷбур будам, ки бо 20% пешпардохт қарз гирам. Аммо ин тасмими хуб буд, баъдан пушаймон нашудам. Ҳамааш аз он ҷо оғоз шуд”.

Халима Абдуллоева аввал танҳо шир мефурӯхт. Баъдан дигар маҳсулоти ширӣ низ тайёр карда, фаъолияташро тадриҷан васеъ кард.

“Барои оғози тиҷорат муҳим аст, ки ба худ эътимод дошта бошед, ба худ бовар кунед. Ман барои тиҷорати худ маблағ гирифтам - пас, мувофиқи нақша, ман тиҷоратро васеъ кардам ва қарзро пардохт кардам. Ман аз пардохти қарзҳо тарсе надоштам, зеро ҳама чизро пешакӣ ҳисоб карда, нақшаи ҳама таҳаввулоти эҳтимолиро тартиб дода будам”, - гуфт Ҳалима Абдуллоева.

Барои Ҳалима Абдуллоева ин таҷрибаи аввалини қарзгирии муваффақ набуд. Бори охир вай барои ду сол ба маблағи 48 ҳазор сомонӣ (беш аз 4 ҳазор доллари ИМА) қарз гирифт, аммо пас аз ду моҳ тавонист онро баргардонад.

Маблағ на танҳо ба тиҷорати Халима Абдуллоева, балки ба ҳаёти шахсии ӯ низ таъсир расонд. Бо пули ба даст овардааш имкон дошт, ки ба ҳаҷ сафар кунад ва ҳамчунин, писарашро тӯй кунад. Ҳалима Абдуллоева аз он шод аст, ки писараш тавонист бо ӯ бимонад, дар тиҷорати оилавӣ саҳм гузорад ва мисли писарони бисёре аз дӯстонаш ба муҳоҷират наравад.

Бо шарофати USAID ACAT, зани соҳибкор тавонист ҳаёти худро бомуваффақият бунёд кунад, аммо кӯмак ба ҳамсоягонро фаромӯш накардааст. Дар маҳаллаи худ шаъбакаи обёрӣ сохт, ки на танҳо барои худаш, балки барои ҳар касе, ки мехоҳад деҳқонӣ кунад, об медиҳад.

Ин ягона достони муваффақият нест. Махфузулло Раҳимов дар гармхона лимӯ парвариш мекард - аммо гармхонааш ҳатто бом надошт. Соли 2022 аз бонки “Арванд” қарз гирифт ва аввал боми гармхонаашро пӯшонид ва сипас ба харидани таҷҳизоти зарурӣ шурӯъ кард. Холо Махфузулло 17 тонна лиму истеҳсол мекунад, ки 5-тоннааш ба Қазоқистон фиристода мешавад.

“Қарзи гирифтаам имкон дод, ки ҳаётамро тағйир диҳам. Набояд қарз гирифту онро ба сайри Туркия сарф кард, балки пешакӣ бояд нақша тартиб дод, ҳадафи мушаххас бояд дошт ва барои иҷрои он ҷаҳд кард.

Шамсиддин Эшбеков низ аз бонки молиявии хурд “Сарвати Вахш” қарз гирифта, дар гармхона ба парвариши сабзавот машғул аст. Агар қарзи аввалаш 50 ҳазор сомониро (5 ҳазор доллари ИМА)  ташкил дода бошад, маротибаи дуюм - аллакай 80 ҳазор сомонӣ (8 ҳазор доллари ИМА) қарз гирифт. Ба ҷуз аз парвариши сабзавот дар гармхона ба хушконидани меваҷот, бахусус, зардолу низ машғул аст. Ӯ нақша дорад бо маблағи гирифтааш анбори нигоҳдории меваи хушк бунёд кунад. Ин барояш имкон медиҳад, ки маҳсулотро на танҳо дар дохил, ҳамчунин хориҷа низ фурӯшад.


Чаро муассисаҳои молиявӣ ба ин ниёз доранд?

Худи ширкатҳои маблағгузории хурд низ аз лоиҳаи USAID ACAT манфиати зиёд диданд. Бо дарёфти грант, онҳо тавонистанд ҷуғрофиёи хидматрасонии худро васеъ кунанд ва теъдоди муштариёни худро, бахусус миёни занону ҷавонон афзоиш диҳанд.

“Мо 2 миллион сомонӣ (200 ҳазор доллари ИМА) грант гирифтем. Ва ба мо на фақат пул, балки таълим медоданд, то баъдтар ин маблағ беҳуда сарф нашавад. Гап на танҳо дар бораи маблағгузорӣ, инчунин дар бораи он аст, ки ин ҳама чӣ гуна ташкил карда шуд, чӣ ангеза бахшид. Мо ҳама мехоҳем ба кормандони лоиҳа барои ин ташаккур гӯем”, - мегӯяд Фирӯза Саидова, корманди Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд (ТАҚХ) “Имконият”, ки аз соли 2019 бо USAID ACAT ҳамкорӣ дорад.

Ҳоло ТАҚХ “Имконият” ба корхонаҳои хурду миёна, ки имкониятҳои маҳдуд доранд, қарз медиҳад ва иқтидори онҳоро тавсеа мебахшад. Mаҳмудхон Акбаров аз бонки молиявии хурд «Чилу чор чашма» ба ин диққати ҷиддӣ медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, фаъолияти онҳо ба деҳоти дурдаст нигаронида шуда, талош доранд, дар ҳамин гуна ҷойҳо хидматрасонии молиявиро густариш диҳанд.

Гулнора Қосимова, намояндаи бонки “Арванд” мегӯяд, ки на танҳо маблағгузорӣ, балки баланд бардоштани саводнокии молиявӣ низ муҳим мебошад. Бонки "Арванд" ҳам барои занон ва ҳам барои ҳар нафаре, ки мехоҳанд дониши худро оид ба воситаҳои молиявӣ такмил диҳанд, семинарҳо мегузаронад. Вай инчунин аҳамияти хоси маблағгузории корхонаҳои хурду миёна дар соҳаи кишоварзиро дар шароити пас аз COVID таъкид кард, зеро пандемия ба бисёре аз соҳибкорон таъсири манфӣ расонид.


Натиҷаи лоиҳа

Дар натиҷаи роҳандозии лоиҳаи панҷсолаи USAID ACAT дар Хатлон корхонаҳои нави хурду миёна кушода шуданд ва деҳқонони маҳаллӣ тавонистанд дар кори худ аз технологияҳои муосир истифода баранд. Сифати махсулоти истехсолшаванда баланд шуд ва ҳаҷми он ду баробар афзуд.

Дастрасӣ ба маблағгузории грантӣ на танҳо ба ширкатҳои хурд, балки ширкатҳои бузург ва дигар ширкатҳо дар занҷири арзиши иловашуда аз ҳисоби зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва васеъ намудани навъҳои он манфиат овард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.