Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба ширкати "Расселл Бедфорд ААА" барои баргузории аудити ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дод, хабар медиҳад шуъбаи матбуоти БМТ.

ҶДММ «Расселл Бедфорд ААА» узви шабакаи байнулмилалии Russell Bedford мебошад.

Директори генералии ширкати "Расселл Бедфорд ААА" Аловиддин Ҳамдамов қаблан дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” изҳор намуда буд, ки ширкат дар баробари хидматрасониҳои аудиторӣ, ба аутсорсинги муҳосибот, машваратҳои ҳуқуқӣ ва оид ба андоз, бақайдгирӣ/барҳамдиҳии ташкилотҳо, инчунин автоматикунонии баҳисобгирӣ бо ёрии маҳсулоти барномавии 1С (омӯзиш, насб, конфигуратсия (сохторбандӣ) низ машғул аст.

"Расселл Бедфорд ААА"  даҳумин ширкатест, ки ба он ҷиҳати баргузории аудит дар ташкилотҳои қарзии кишвар иҷозатнома дода шудааст.

Дар рӯйхати ташкилотҳои аудиторӣ ширкатҳои "Консультант аудит", "Бейкер Тилли Таджикистан", Ernst & Young Ford Rhodes Sidat Hyder, "РСМ Таджикистан", "КРЕСТОН АС",  "КПМГ Аудит", "Аудит Консалтинг", "Кроу-Хорват-ЭЙСИДЖИ" зикр шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.