Мувофиқи ҳисоби олимони Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ, агар ҳамагӣ 1 дарсади ҳудуди ҷумҳуриро бо панелҳои офтобӣ пӯшонем, неруи барқе, ки аз онҳо тавлид мешавад, метавонад 5 млрд киловатт/соатро ташкил диҳад. Чунин маълумот дар як маводи нашрияи парлумонии “Садои мардум” нашр шудааст.
Ба ақидаи мутахассисони тоҷик, интенсивнокии радиатсияи офтоб дар кишвари мо ба 1 метри мураббаъ 1000 волтро ташкил дода, шумораи рӯзҳои офтобӣ дар Тоҷикистон вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии минтақаҳо соле ба 280-330 рӯз мерасад.
“Агар дар ҷумҳурӣ низ мисли аврупоиҳо дар хонаҳои истиқоматӣ, мактабу муассисаҳои тандурустӣ ва фарҳангию варзиш насби панелу обгармкунакҳои офтобӣ васеъ ба роҳ монда шавад, метавонем аз ин ҳисоб то 20 дарсади талаботи энергетикиро қонеъ намоем”, - менависад нашрия.
Чин ба гунаи мисол оварда шудааст, ки соли 2023 иқтидори неругоҳҳои офтобии ин кишвар 55,2 фоиз (216,88 гигаватт) афзудааст. Дар маҷмуъ, иқтидорҳои нави неругоҳҳои офтобию шамолии Чин аз неругоҳҳои ҳароратии бо ангиштсанг коркунанда зиёд шуда, аз ҳисоби насби панелҳои офтобӣ сӯхтани 2 млн 82 ҳазору 400 тонна (!) ангиштсанг пешгирӣ гардидааст. Ҳоло калонтарин неругоҳҳои офтобии ҷаҳон дар мавзеи Руотсяни ноҳияи автономии Синтзян Уйғури Чин сохта шудааст, ки иқтидораш 4000 мегаватт мебошад.
Гуфта мешавад, пас аз Чину ИМА аз ҷиҳати теъдоду иқтидори неругоҳҳои офтобӣ Ҳиндустон дар ҷаҳон ҷойи сеюмро ишғол менамояд. Соли 2024 дар Ҳиндустон аз ҳисоби неругоҳҳои офтобӣ ба низоми энергетикии мамлакат боз 24 ҳазору 500 мегаватт неруи барқ изофа шудааст, ки ин рақами рекордӣ мебошад. Истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ин кишвар ба 209,4 ҳазор мегаватт расидааст, ки 47 дарсади он ба неругоҳҳои офтобӣ рост меояд.
Аз 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо дар 25-тои он (ғайр аз Белгия ва Венгрия) ба насби панелҳои офтобӣ дар балконҳо иҷозат дода шудааст. Дар Олмон маъракаи гузоштани панелҳои офтобӣ дар бом ва балконҳои хонаҳои истиқоматӣ авҷ гирифта истодааст, зеро барқи аз таҷҳизоти офтобӣ ҳосилшуда нисбат ба барқи шабакаи умумӣ се маротиба арзон аст. Системаҳои офтобӣ вобаста ба иқтидор аз 400 то 1200 евро нарх дошта, дар 5-6 сол пулашонро ҷуброн менамоянд ва 15-20 соли дигар бепул барқ медиҳанд
Дар Стратегияи рушди «иқтисоди сабз»-и Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки то соли 2030 иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз» ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонида шавад.
Дар паёми ахири худ ба парлумон рӯи 28 декабри соли 2024 президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт оғоз мегардад/