Дар шаҳри Қӯрғонтеппа як мард дар ҷойи кораш қурбони таркиш шуд. Таркиш дар паҳлӯи бинои прокуратураи ҳарбӣ ва суди ҳарбии гарнизони Хатлон соати 21:30 дақиқаи рӯзи якшанбе, 12 март рух додааст.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, шаҳрванд Ҳасанбой Раҳмонови 67-сола, сокини ноҳияи Бохтар, посбони Литсеи тамоюли техникии ш.Қурғонтеппа дар натиҷаи таркиши лавозимоти таркандае, ки дар дасташ будааст, ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, барои муайян намудани навъи дастгоҳи таркишӣ, тарз ва ҳолатҳои баамалоии таркиш чораҷӯйӣ шуда, аз рӯи ин далел Прокуратураи вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст ва тафтишот идома дорад.


Қобили зикр аст, ки аз оғози сол ин дуюмини чунин ҳодиса дар Қӯрғонтеппа аст. Рӯзи 30 январ дар як деҳаи наздики маркази маъмурии вилояти Хатлон, бештар маъруф ба маҳаллаи Ломоносов низ субҳгоҳон дар автомашинаи «Хундай», мутаалиқ ба корманди ширкати мобилии «Билайн» таркиш рух дода, касе осеб надида буд, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то ҳол ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.