Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки сабабҳои сӯхтори рӯзи 2 июн дар бозори «Султони Кабир» рухдода муайян ва ба осебдидагон кумак расонида шавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, санаи 2 июни соли 2018, соати 20:30 дақиқа дар  ҳудуди ҶДММ "Султони Кабир", воқеъ дар кӯчаи Абай 1,  ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад.

Сӯхтор дар табақаи якуми бинои 6 - ошёнаи Маркази савдо ба вуқӯъ пайваста, масоҳати 1230 метри мураббаъро фаро гирифт. Дар натиҷа ба анборҳо ва 21 адад дӯкону мағозаҳо зарари моддӣ расонда шуд. Оташ дар соати 00:15 бо пуррагӣ хомӯш гардида, пеши роҳи паҳншавии аланга ба дигар қисматҳои бино гирифта шуд.

Гуфта мешавад, бар асари ҳодисаи сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Барои хомӯш кардани сӯхтор қувваҳои Гарнизони хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва дигар ниҳодҳои марбута сафарбар гардиданд.

Субҳи 3 июни соли 2018 роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ниҳодҳои марбутаи  пойтахт бо роҳбарияти Маркази савдои "Султони Кабир" ва соҳибкорони бозори мазкур, ки бар асари ҳодисаи фавқулода зарар дидаанд, мулоқот намуданд.

Барои муайян кардани сабабҳои сӯхтор ва зарари он аз ҳисоби намояндагони сохторҳои дахлдор гурӯҳи фаврӣ - тафтишотӣ ташкил шуда, гурӯҳи мазкур вазифадор гардид, ки сабабҳои сар задани сӯхтор ва зарари ба амаломадаро пурра муайян намояд.