Ному насаби шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бар асари таркиши рӯзи 19 октябр дар корхонаи пиротехникии “Авангард” дар вилояти Ленинград ба ҳалокат расиданд, муайян шуд.

Фавтидагон - Аҳлидин Акрамҷонович Расулов, с/т 04.04.1996, зодаи шаҳри Ваҳдат, Осифони Ҷумъа, с/т 29.06.1996, зодаи ноҳияи Тавилдара ва Комилҷон Раҳмонович Маҳмадалиев, с/т 22.06.1970, зодаи шаҳри Леваканд (собиқ Калининабад) мебошанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Россия оид ба муҳоҷират Иброҳим Аҳмадов.

Бино ба иттилои ӯ, намояндагии мазкур ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ба ватан интиқол додани ҷасадҳои фавтидагон ба назикони онҳо ҳамаҷониба кумаку мусоидат мекунанд.

Рӯзи 19 октябр дар корхонаи истеҳсоли маснӯоти пиротехникӣ (оташбозӣ) дар ноҳияи Гатчинаи вилояти Ленинград таркиш рух дода, бар асари он 4 нафар ҳалок ва 11 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Аз рӯи ин далел Кумиаи тафтишот мутобиқи моддаи риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Дар ҷараёни тафтиши ҳолатҳои рух додани таркиш директори корхона боздошт шудааст.

Бино ба маълумоти Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Россия, директори корхона ба гумони ба таври бояду шояд назорат накардани ташкили ҷараёни корӣ муфассал бозпурсӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.