Рӯзи ҷумъа ҷасади писарчаи 4-солаи точик Муҳаммадҷон Ализода, ки дар ҳавопаймои ширкати “ЮТэйр” шаби 23 октябр даргузашт, бо хатсайри мустақим аз Самара ба Душанбе оварда мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова хабар дод.

Писарчаи фавтида сокини деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод буда, баъди дидору чанде меҳмонӣ назди волидонаш – муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамроҳи амакаш аз Маскав ба Душанбе раҳсипор буд.

Ӯ ҳангоми парвоз даргузашта, сабабҳои фавташ алҳол муайян карда нашудааст. Айни замон ҷасади ӯ дар мурдахонаи шаҳри Оренбург, ки ҳавопаймо таъҷилӣ фурудгоҳи ин шаҳр нишаста буд, нигаҳдорӣ мешавад.

“Чун ҳоло ҷасади писарча дар Оренбург аст, мо алҳол наметавонем бигӯем, ки дар ҳавопаймо дарвоқеъ бо ӯ чӣ рух дод. Ҷониби Русия ба мо ҷузъиёти ҳодисаро танҳо баъди ифшои хулосаи ташхиси тиббии сабаби марги кӯдак медиҳад”, - хабар дод Ҷамила Ҳусейнова.

Хадамоти матуоти Раёсати ВКД Россия дар нақлиёти Урал хабар медиҳад, ки ҳавопаймо шаби 23 октябр ба Оренбург фуруд омада, кӯдак аллакай ҷон дода буд.

Тағои писарча то ошкор шудани ҳолатҳои ҳодиса дар Оренбург истода, мусофирони дигари ин хатсайр субҳи дирӯз ба Душанбе омаданд.

Мусофирони ин хатсайр мегӯянд, вақте аҳволи писарча бад мешавад, ӯро ба қисмати дигари ҳавопаймо гузаронида, замони фурудойӣ ба Оренбург хабар медиҳанд, ки дар ҳавопаймо ҳодисаи нохуш рух дод. Дар бораи марги писарча онҳо дар Душанбе огоҳ мешаванд.

Онҳо ҳамчунин хабар доданд, ки вақте ба Оренбург фуруд меоянд, як гурӯҳи шояд марзбонон ё гумрукчиён вориди ҳавопаймо шуда, бидуни шарҳи сабаб ҳар кадоме аз мусофиронро аксбардорӣ мекунанд.

Намояндагони ширкати ҳавопаймоии “Ют Эйр” дар Тоҷикистон ин ҳодисаро ба ҳеҷ гунае шарҳ намедиҳанд.

Қаблан Радиои Озодӣ бо такя ба гуфтаҳои амаки писарча хабар дод, ки пеш аз савор шудан ба ҳавопаймо дар як бокал чой гирифта, дарунаш дору (ношпа) андохтаанд.

“Дарди ӯ хуруҷ карда, нахуст об хост. Барояш вақте чой додам, як қулт нӯшида дигар нахӯрд. Дар оғӯшам буд, аммо нолиш мекард. Як вақт нолишаш бас шуд, фикр кардам хобаш бурдааст. Хабар гирифтам, ки дилаш кор мекунад ва нафас мекашад. Ҷунбондамаш, камтар ҷунбид, баъд ду бор "мома" гуфта, ҷон дод", - иброз доштааст ба Радиои Озодӣ Илҳомиддин Ализода, амаки Муҳаммадҷон.

Қобили зикр аст, ки ҷамъияти тоҷикони шаҳри Оренбург барои интиқоли ҷасади Муҳаамадҷон ба ватан кумаки пулӣ кардаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.