Рӯзи 4-уми декабр соати 13:25-дақиқа, дар назди мағозаи қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳои навъи “Хенкук”, воқеъ дар маҳаллаи 61-уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таркиш рух дод.

Бино ба иттилои маркази матбуотии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, таркиш бар асари ихроҷ аз балони газ ба амал омадааст.

Дар натиҷаи ин таркиш 4 нафар осеби сабукӣ ҷисмонӣ бардошта, бо заҳмҳои сӯхта дар бемористон бистарӣ ва зери назорати табибон қарор доранд.

Шахсони осебдида аз таркиш Хӯҷа Бедилов, Аҳлиддин Шарипов, Сабзалӣ Шоев ва  Парвиз Ёраков мебошанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таҳқиқи пешакии ин далел машғуланд.

 


Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.