Полковники бознишасти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Саъдӣ Холмуродов дар дарёи Вахш ғарқ шудааст.

Тавре сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ дар ин робита хабар дод, наҷотдиҳандагони Кумита ба ҷустуҷӯи ҷасади ӯ машғуланд.

Бино ба гуфтаи номбурда, Саъдӣ Холмуродови 56-сола рӯзи 15 декабр дар дарёи Вахш, наздикии обанбори нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ғарқ шудааст.

Тибқи фарзияҳои пешакӣ, ин ҳодиса бар асари ба беэҳтиётӣ роҳ додани Саъдӣ Холмуродов ба амал омадааст.

“Айни замон наҷотдиҳандагони Хадамоти Кумита ҷасади ӯро дар шаҳри Норак ҷустуҷӯ доранд”, - хабар доданд аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Саъдӣ Холмуродов, полковники бознишаста бештар бо номи “Саъдӣ-командир” маъруф буда, замоне муовини генерали марҳум Суҳроб Қосимов буд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.