Сокини ноҳияи Ҳамадонӣ дар ҳолати мастӣ аз машрубот пас аз муноқишаи лафзӣ ба сокини дигари ҳамин ноҳия зарбаҳои марговар зад. Қотили гумонбаршуда боздошт шудааст.

Субҳи рӯзи 19 декабр дар канори роҳи мошингарди ҷамоати Панҷрӯди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ҷануби кишвар ҷасади марди 35-сола Ҷомӣ Одинаев бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ.

Кормандони мақомоти дахлдор, аз ҷумла прокуратура ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасад ва макони рух додани ҳодисаро мавриди таҳқиқ қарор доданд.

Худи ҳамон рӯз мутобиқи моддаи 104, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, таҳти роҳбарии прокурори ноҳияи Ҳамадонӣ Дилшод Салимзода гурӯҳи фаврии тафтишотӣ таъсис дода шуд.

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои фаврии ҷустуҷӯӣ ба гурӯҳ муяссар шуд, ки баъди се рӯзи содир шудани ҷиноят дар қитъаи Марғоби ҷамоати Қаҳрамон гумонбаршударо ба содир намудани ин ҷиноят боздошт намоянд.

Гуомнбар Алишер Назарови 33-сола аст, ки қаблан маҳкум шудааст. Ӯ бекор буда, оиладор ва соҳиби се фарзанд мебошад, хабар дод ба “Азия-Плюс” прокурори ноҳияи Ҳамадонӣ Дилшод Салимзода.

Гумонбаршуда ба куштор шаби 18 ба 19 декабр дар ҳолати сархушӣ аз истеъмоли машрубот баъди муноқишаи лафзӣ бо ҳамдиёри худ бо дастонаш ба ӯ чанд зарба мезанад. Аз ҷароҳатҳои бардошта Ҷомӣ Одинаев дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, ҷинояткор пинҳон мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома доранд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.