Зимни як сӯхтор дар бинои истиқоматӣ, ки рӯзи 25 декабр дар деҳаи Старие Кандрии ноҳияи Туймазини Бошқирдистон рух дод, зодагони ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон – Амина Додоваи 4-сола ва хоҳари 2-солаи ӯ Амринисо Додова ҳалок шуданд.

Бино ба маълумоти намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Маскав, ҳангоми сар задани сӯхтор падари духтарон дар Қазон машғули ба расмият даровардани шаҳрвандии Русия буда, модарашон дар хонаи дигар хоб ва ҷиҳати раҳо кардани онҳо аз хонаи сӯхтаитстода ёрӣ дода натавонистааст.

Дар бораи сабаби сар задани сӯхтор маълумот дода намешавад. Ҷасадҳои духтарон дар яке аз оромгоҳҳои маҳаллӣ ба хок супурда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ корҳои тафтишотиро оғоз кардаанд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.