Шоми 20-ум ба 21 январи соли 2019 якбора чор дорухона воқеъ дар бозори марказии ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ҳадафи ҳаракатҳои ҷиноятӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, сокини 32-солаи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Дӯстмурод Нарзиев, ки соли 2017 низ барои дуздӣ дар дорухонаҳои қаламрави ин бозор маҳкум шуда буд, ба сифати гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят дастгир шудааст.

“Ин дафъа Нарзиев аз ду дорухона 4 ҳазору 800 сомонӣ пули нақдро бо худ гирифта, дар дигар дорухонаҳо бо сабаби дарёфт накардани воситаҳои пулӣ ва ашёҳои арзишнок, бо шикастан ва корношоям кардани қулфи дар ба ҷабрдидаҳо зарари моддӣ мерасонад”, - омадааст дар маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ.

Гуфта мешавад, пас аз содир намудани ҷиноят ӯ қаламрави вилояти Суғдро тарк намуда, ба хонаи худ – ноҳияи Ҷайҳун меравад ва дар ҳамон ҷо аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки бар асоси парвандаи ҷиноятии нисбаташ бозшуда, ӯ ба ҳабс гирифта шуда, тафтиши ҳодиса идома дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.