Шахсияти марди тақрибан 25-солае, ки ҷасадаш рӯзи 20 июн дар дарёи Душанбе, наздикии маҷмааи табъу нашр (ГЖК) дарёфт шуда буд, то ҳол муайян нашудааст.

“Дар ҷасад аломатҳои марги маҷбурӣ ошкор нагардида, алҳол ба кормандони милитсия муяссар нашуд, ки шахсияти ӯро муайян созанд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки дар бораи дидани ҷасад дар дарё соати тақрибан 12:30 дақиқа ба шуъбаи навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар расид. Шоҳидон хабар доданд, ки ҷасади шахсро дидаанд. Наҷотдиҳандагони ҳозиршуда ҷасадро аз об берун оварданд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, аз оғози мавсими оббозӣ, ки аз 1 июн шурӯъ шуд, дар дарёву кӯл ва наҳру обанборҳои Тоҷикистон 43 нафар ғарқ шуданд, ки 23 нафарашон синни то 17-сола мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.