Аниса Насимзода, толибаи синфи 7-и гимназияи №2-и шаҳри Бӯстон, ки рӯзи 28 август зери тепловоз монд, дар шуъбаи эҳёгарии Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон қарор дорад.

Табиби муолиҷакунандаи духтар Насимҷон Яҳёев ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки рӯзи ҳодиса Аниса таъҷилан ҷарроҳӣ шуда, дар натиҷа лозим омадааст, ки пойи чап ва қисмате аз дасти ӯ бурида партофта шавад.

Беморхонаи Бӯстон
Сурат: Asia-Plus

- Ҳозир ӯ ба ҳуш омада, лекин  то ҳол сарфаҳм нарафтааст, ки бо ӯ чӣ коре шудаасту як пой ва қисмате аз дасташро буридаанд, - мегӯяд табиб. - Хунаш хеле зиёд талаф ёфта буд, мо ба ӯ хун гузаронидем. Духтар ҳадди ақал боз ду моҳи дигар дар бемористон муолиҷа хоҳад шуд”.

Табиб Насимҷон Яҳёев
Сурат: Asia-Plus

Бибии духтар: Аниса ҳоло сарфаҳм намеравад, ки бо ӯ чӣ шудааст

Суҳбат бо модари Аниса муяссар нашуд, зеро вақте ки мо ба беморхона омадем, ӯ ба хонаашон рафта буд. Падари Аниса дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошт, лекин баъди фаҳмидани воқеа дарҳол ба хона омадааст.

Ба мо муяссар гардид, ки бо модаркалони Аниса - Муҳаббат Ғиёсова, ки худ низ духтур-эҳёгар асту замоне дар шуъбаи эҳёгарии ҳамин беморхона кор кардааст, суҳбат кунем.

- Рӯзи 28 август Аниса аз ман барои ба яхмосхарӣ рафтан иҷоза пурсида, ман розӣ шудам ва дар натиҷа чунин ҳодисаи нохуш рух дод, - ҳикоят мекунад зан. - Аниса ба ҳуш омада, лекин ҳоло сарфаҳм намеравад, ки бо ӯ чӣ шудааст.

Ман аз ӯ пурсидам, ки чӣ ҳодиса рух дод? Аниса посух дод, ки: “ҳаво хеле гарм буд ва дигар чизе дар хотир надорам”.

- Ба табибон миннатдорӣ изҳор мекунам, ки хеле зуд Анисаро ҷарроҳӣ намуда, аз болои сараш дур намешаванд. Аз ҳамаи шахсоне, ки занг зада аз аҳволи набераам пурсон мешаванд, низ миннатдорам, - мегӯяд ӯ.

Бибиҳои Аниса ва хоҳараш. Муҳаббат Ғиёсова аз чап
Акс аз ҷониби Муҳаббат Ғиёсова пешниҳод шуд

Дар ҳамин ҳол, аз прокуратура дар нақлиёти вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки маводи ҷамъшуда, ҳамчунин “қуттии сиёҳ” (черный ящик)-и паровоз  мавриди санҷиш қарор гирифта, барои ташхис ба Душанбе фиристода шудааст.

- Танҳо баъди дастрас шудани натиҷаҳои ташхис дар бораи сабабҳои рух додани ҳодиса маълумот дода метавонем, - қайд кард манбаъ.

Қаблан шоҳидони ҳодиса хабар дода буданд, ки бо вуҷуди хеле наздик омадани тепловоз, духтари 13-сола кӯшиш кардааст, ки илоҷе карда роҳи оҳанро гузарад, лекин шояд пойафзолаш байни релсҳо дармондааст. Ронанда (машинист)-и паровоз талош кардааст, ки онро боздорад, лекин ин барояш саривақт муяссар нашудааст.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.