Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон духтарчаи 2-соларо аз ҷуқурии думетра берун оварданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, соати 16:00-и рӯзи 11-уми сентябр ба навбатдори Кумита дар вилояти Хатлон хабар расидааст, ки бар асари бетаваҷҷуҳии волидон тифле  дар мағоке афтода, ки бештар аз ду метр умқ дорад.

“Тифли хурдсол дар ҳавлӣ саргарми бозӣ ва ин асно чун касе ҳамроҳаш набудааст, дар пайҷойи симчӯби барқ сарнагун шудааст, - омадааст дар хабар.  - Пайҷойро кормандони хадамоти истиқомативу коммуналӣ барои гузоштани сутуни барқӣ канда будаанд”.

Гуфта мешавад, кӯдак бо ёрии наҷотдиҳандагон дар зарфи 3 дақиқа берун оварда шуда, ба ӯ ёрии тиббии аввалия расонида шуд. Сипас кӯдакро ба волидонаш супориданд, вале онҳо барои бистарӣ кардани духтарчаи худ розӣ нашудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз волидон хоҳиш кардааст, ки кӯдаконро беназорат нагузоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.